Мақомот мегӯянд, як гуруҳ мардуми деҳа “монеи кори маъмурони интизомӣ шуданд”. Сокинон иддао доранд, ки қазия ба кӯшиши дастдарозӣ ба духтари ноболиғ рабт дорад.
Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, гуфт, ҳодиса ба ҷустуҷӯйи ҷавоне пайванд мегирад, ки солаш ба хидмати ҳарбӣ мувофиқ шудааст.
“Маълум мекунанд, ки писар бо як духтари ҳамдеҳааш робита доштааст. Кормандони милиса ӯро ёфта, ба шуъбаи корҳои дохилӣ даъват мекунанд. Баъд якҷоя ба ёфтани даъватшаванда мераванд, ки дар саҳро машғули кишту кор будааст,” – шарҳ дод ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Чанде пеш Адҳам Маъмурзода, шаҳрдори Истаравшан ҳам гуфт, масъала ба даъвати баҳории ҷавонон ба артиш пайванд дорад.
Духтари ноболиғ, ки аз “дастдарозӣ”-и маъмурони милиса шикоят дошт, дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ муносибаташро бо ҷавони даъватшаванда рад карда буд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакати Истаравшан бо маъмурони милиса дар охири моҳи майи имсол рӯй дод. Пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бархе гуфтанд, бояд аъмоли милисаҳо низ таҳқиқ ва муҳокима шавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамвора маъмурони милисаро ҷабрдида ҷилва дода, гуфтааст, гурӯҳе аз сокинони деҳаи Лакат онҳоро задаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ қаблан ба ҷойи ҳодиса рафта, бо баъзе аз шоҳидон суҳбат кард. Аъзои як хонавода дар ин деҳа иддао карданд, ки чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд" ва сабаби моҷаро ҳам ҳамин аст.
Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, гуфт, “духтар барои аз ҷавобгарӣ озод кардани хешу табору амакҳояш нишондодро дигар мекунад. Мегӯяд, маро маҷбурӣ оварданд. Барои алоқаи ҷинсӣ кардан. Боз шоҳидон ҳастанд. Агар онҳо чунин ният медоштанд, ба саҳро не, шояд ба ягонҷои дигар мебурданд.”
Ҳоло ду амаки духтар ва се сокини дигари деҳаи Лакат гумонбари қазия ҳастанд, вале наздиконашон дар бораи онҳо ва вазъу ҳолашон зиёд суҳбат намекунанд. Пас аз нашри гузориш дар расонаҳо пайвандони духтари ноболиғ дар Истаравшан гуфтанд, мақомот ба ҷойи ба доди онҳо расидан, баръакс, фишор овардаанд, ки бо рӯзноманигорон гап назананд.