Маркази консулии Кентаккӣ ду сол қабл шумораи тоҷиконеро, ки ҳаққи кору иқоматро дар Иёлоти Муттаҳида ба даст овардаанд, беш аз ду ҳазор нафар шумурда буд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши муфассале гуфт, дар Узбекистон бахт ба рӯйи 5555 нафар хандид.
Ин рақам
- дар Қирғизистон ба 4464;
- дар Қазоқистон ба 2728;
- дар Туркманистон ба 1313
баробар аст.
Корти сабзи Амрико ба тақрибан 4300 шаҳрванди Украина ҳам насиб кардааст. Бештари онҳо аз оташи ҷанг дар кишварашон фирор мекунанд. Аз Русия 5514 нафар баранда шуданд.
Бино ба муқаррарот, дарёфти корти сабз ҳанӯз роҳи ҳамвор ба Амрико нест ва кафолати онро надорад, ки шумо виза ё раводиди ин кишварро ба даст меоред. Инро Гулнораи 60-сола ба қарибӣ таҷриба кард.
Ӯ мегӯяд, чор сол боз бахти худро дар озмуни корти сабз месанҷиду танҳо имсол хабари баранда шуданаш расид, аммо баъди суҳбат дар консулгарӣ умедаш барбод рафт. Ҳангоми санҷиши ҳуҷҷату аризаи электронияш хато ёфтаанд.
Гулнора дар Узбекистон зода шудааст, вале дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, ҳар сол аз кормандони ширкате дар Узбекистон мехост, аризаашро барои иштирок дар озмуни корти сабз пур кунанд.
“Онҳо ҷойи таваллудамро Тоҷикистон навиштаанд. Тоҷикистон маҳалли зиндагии имрӯзаи ман аст. Дар асл дар Узбекистон зода шудаам. Дар ариза навиштаанд, ки ҳамсар ва се фарзанд дорам. Дар ҳоле ки ҳамсарам порсол даргузашт,” – нақл кард ӯ.
Гулнора дар Донишкадаи забонҳои Душанбе хонда, омӯзгори забони русист. Солҳои зиёд боз наметавонад аз рӯи касбаш кор кунад, чун маош кам аст. Пас аз соли 2005 барои дарёфти даромади бештар ба Русия рафта, дар як фурӯшгоҳи қаннодӣ кор мекард.
Солҳои охир ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти кору даромади бештар ба Амрико рафтаанд. Бархе тақдири худро дар бахтозмоии “грин корт” санҷида, бархеи дигар бо роҳҳои гуногун то сарҳади Мексика мераванду аз онҷо ба Амрико мегузаранд.
Иёлоти Муттаҳида ҳар сол тавассути корти сабз барои 55 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату корро дар ин кишвар фароҳам меорад.