Модари Шарофиддин Гадоев, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, ду маъмури интизомӣ аз ӯ дар бораи писаронаш пурсидаанд.
Шарофиддин Гадоев солҳо боз дар Аврупо паноҳанда аст. Ойиша Абдуллоеваи 72-сола рӯзи 16-уми август гуфт, ду писари дигараш дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
“Ба онҳо фаҳмондам, ки Шарофиддин дар Аврупо аст. Пурсиданд, ки маводи мухаддир истеъмол мекунад? Нос мекашад? Арақ мехӯрад?" – нақл кард ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ сабаби пурсуҷӯро шарҳ надоданд. Модари сиёсатмадори мухолиф мегӯяд, маъмурони интизомӣ далели пурсишро “дархости ФСБ-и Русия” номидаанд.
Шарофиддин Гадоев ба Радиои Озодӣ гуфт, пурсуҷӯйи модараш ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва мавқеъгириҳои ӯ дар робита ба ҷанги Русия алайҳи Украина рабт дорад. Вай соли гузашта ба Украина рафта, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоста буд, ки дар ҷанг аз тарафи Русия иштирок накунанд.
"Ҳамзамон ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст, ки дар Русия ба зидди ман парвандаи нав бисозанд. Барои монеа гузоштан ҳангоми гаштугузор дар хориҷи кишвар. Русия ҳам барои саркӯби нерӯҳои демократӣ дар Тоҷикистон манфиатдор аст," – шарҳ дод ӯ.
Шарофиддин Гадоев дар гузашта яке аз раҳбарони узви “Гуруҳи 24” буд ва ҳоло раиси созмони "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" аст.