Сухангӯйи Толибон рӯзи 15-уми август дар мусоҳибае ба муносибати дувумин солгарди ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар Афғонистон гуфт, таҳдиди ҷиддие барояшон вуҷуд надорад ва ҳукуматашон абадӣ хоҳад буд. Ӯ афзуд, мамнӯияти таҳсил барои духтарони афғонистонӣ дар марҳилаи болотар аз синфи шаш ҳам ба ҳоли худ хоҳад монд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид суолҳои хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс"-ро дар бораи маҳдудиятҳое, ки Толибон барои духтарон ва занони афғонистонӣ ба вуҷуд овардаанд, нодида гирифт ва дар ниҳоят ба ин ҷумла иктифо кард, ки вазъияти кунунӣ ҳамчунон идома хоҳад ёфт.
Гурӯҳи Толибон бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва фирори президент Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми августи соли 2021 вориди Кобул шуд ва қудратро дар ин кишвар дубора ба даст гирифт.
Ин гурӯҳи тундрав рӯзи сешанбеи 15-уми август ба муносибати дувумин солгарди ҳукумати худ дар Афғонистон рухсатии умумӣ эълон кард. Аз онҷо, ки занони афғонистонӣ барои ҳузур дар фазои умумӣ бо маҳдудиятҳои густурдае рӯбарӯ ҳастанд, ҳатто дар ҷашнҳое, ки ба ин муносибат баргузор шуд, низ ширкат накарданд.
Дар маросиме, ки рӯзи сешанбе дар шаҳри Қандаҳор -- зодгоҳи Толибон баргузор шуд, нерӯҳои низомии ин гурӯҳ бо тонкҳо ва зиреҳпӯшҳо ба гашти низомӣ пардохтанд.
Ба ҳамин муносибат мардони ҷавоне савори дучарха ва мошинҳо дар саросари шаҳр гаштугузор карданд. Кӯдакон дар Қандаҳор парчамҳои сафеди Толибонро, ки акси Мулло Яъқуб, вазири дифои Толибон бар он нақш ёфтааст, дар даст гирифта буданд.
Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, мошинҳои пур аз мардон ва писарон дар саросари шаҳр ба гашт задан пардохтанд. Майдони "Шаҳидон"-и Кобул шоҳиди издиҳоми мардони бисёре буд, ки бо боло рафтан ба бинои ёдбуди он майдон, аз худ аксҳои селфӣ мегирифтанд ва писарон низ туфанг дар даст ба тасвирбардорӣ аз худ машғул буданд.
Ҳукумати Толибон рӯзи сешанбе бо нашри баёнияе, ончиро, ки дастовардҳои худ хонда буд, рӯйхат кард ва дар миёни он, ибораҳое чун "ҳисси амнияти шахсӣ" ва "ғурури миллӣ" ба чашм мехӯрд.
Ин дар ҳоле аст, ки Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ки Толибон сахтгирӣ ва маҳдудиятро алайҳи занони Афғонистон бештар кардааст.
Занони Афғонистон барои ҳузур дар маконҳои умумӣ аз сӯи Толибон бо таҳдид рӯбарӯ ҳастанд ва эҳсоси амнияти шахсӣ надоранд.
Дар остонаи дувумин соли ба қудрат расидани Толибон, гурӯҳҳои мухолифи онҳо аз амалкардҳои дусолаи ҳокимони кунунии Афғонистон интиқод карданд. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз кишварҳои минтақа хост, ки бо Толибон робитаҳои стратегӣ барқарор накунанд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар як нишасти онлайнӣ изҳор доштааст, ки "роҳи ҳалли пешрӯи Афғонистон сиёсӣ аст", аммо Толибон ба ҳеч ваҷҳ ҳозир ба мусолиҳа ва музокира нашудаанд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, "роҳи дигаре надоранд".
Бо гузашти ду сол аз ба қудрати расидани Толибон, то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Ин гурӯҳ аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи ҳуқуқи башар, маҳдудият дар кору таҳсили занон, ташкили ҳукумат аз ҳисоби намояндагони як гурӯҳ ва як қавм ва нодида гирифтани озодии баён ва расонаҳо, танқид мешавад.