Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Яҳё Алӣ Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Аҳмад Саид Аҳмад Ал-Асал Ал-Рашдӣ ва Алӣ Рашид Муҳаммад Ал-Ҷорн Ал-Нуаймӣ кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро низ намояндаи Имороти Муттаҳидаи Араб Султон Муҳаммад Солеҳ Юсуф Ал-Ҳаммадӣ иҷро менамояд.
Маҳюб Содиқ аз Фаластин нозири доварон ва Муҳаммад Абдулло Назмӣ Манго аз Урдун комиссари бозӣ таъйин шудаанд. Барои бехатарӣ дар варзишгоҳ афсари амниятӣ (секюрити-офитсер)-и AFC Раҳул Парашар аз Ҳиндустон масъул аст.
Бозии плей-оффи Ҷоми AFC-2023/24 миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Марв» рӯзи сешанбеи 22-юми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Бозӣ соати 16:30 оғоз меёбад.
Ҷоми КФО-2023/24
Минтақаи марказӣ. Даври плей-офф
22 август (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:30
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Марв» (Туркманистон)
Сардовар: Яҳё Алӣ Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло (Иморти Муттаҳидаи Араб)
Кӯмакдоварон: Аҳмад Саид Аҳмад Ал Асал Ал Рашдӣ, Алӣ Рашид Муҳаммад Ал Ҷорн Ал Нуаймӣ (ҳарду аз Имороти Муттаҳидаи Араб).
Довари эҳтиётӣ: Султон Муҳаммад Солеҳ Юсуф Ал-Ҳаммадӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб).
Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).
Комиссари бозӣ: Муҳаммад Абдулло Назмӣ Манго (Урдун).
Афсари амният: Раҳул Парашар (Ҳиндустон).
Хуҷанд, Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».