Як варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" варзишгари қирғизистониро шикаст дод ва медали тилои ин мусобиқаро ба даст овард.
Меҳроҷ Суфиҷонов 12-уми август дар рӯзи нӯҳуми мусобиқа дар вазни 48 кг дар финал Зафарбек Комиловро аз Қирғизистон шикаст дод. Анӯшервон Фозилов, муштзани дигари тоҷик низ дар вазни 51 кг дар ин рӯз медали нуқра гирифт.
Зимнан, ин аввалин нишони тиллои мунтахаби Тоҷикистон на танҳо дар бозиҳо дар Беларус, балки нахустин медали варзишгарони тоҷик дар таърихи варзиши тоҷик дар Бозиҳои кишварҳои ИДМ ба шумор меравад. Анӯшервон бошад, дар даври ниҳоӣ аз муштзани русиягӣ мағлуб гардида, барандаи медали нуқра шуд.
Мусобиқаи Беларус ва ширкати варзишгарони тоҷик дар он
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Беларус 13-уми август ба поён мерасанд, бо касби 12 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ба ҷойи шашум баромад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо бо шумули ҳудуди 130 нафар аз рӯи 13 намуд рақобат мекунад.
Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс дар Бозиҳои дувуми кишварҳои ИДМ 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Қаблан Ҳангома Исоева миёни духтарон дар вазни то 57 кило, миёни писарон Бузургмеҳр Иксанов (-54 кг), Рустамҷон Ашӯров (-67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) ва Руслан Федорин (-92 кг) барандагони медалҳои биринҷӣ гардида буданд.
Мадина медали биринҷӣ гирифт
Лоиқ Қутбиддинов дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни писарон бо медали нуқра мукофотонида шуд. Мадина Қурбонзода дар сабқати ҷудо миёни духтарон дар вазни то 48 кило бо медали биринҷӣ қадрдонӣ гардид. Дар сабқати куштии озод Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кило ҷойҳои севумро гирифта, бо медаҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Боз як медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар намуди куштии фарангӣ ё юнонию румӣ байни писарон дар вазни то 60 кило ба даст овард.
Дастаи мунтахаби Русия, ки дар ҳашт рӯзи бозиҳо 242 медал (123 тилло, 77 нуқра ва 42 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро соҳиб шудааст.
Дар ҳамин ҳол мунтахаби Беларус бо касби 193 медал (34+60+99) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 84 медал (24+16+44) дар ҷойи севум мебошанд.
Дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон (8+14+29), Қазоқистон (5+12+21), Тоҷикистон (1+2+9), Арманистон (1+2+4), Қирғизистон (0+7+17) Туркманистон (0+3+13), Ветнам (0+2+1) дар байни даҳгонаи аввал қарор доранд. Бояд гуфт, Тоҷикистон алъон дар байни кишварҳои ИДМ аз Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон пеш аст.
Ба ин тартиб, дар нӯҳ рӯзи бозиҳо варзишгарони 13 кишвар соҳиби медал шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 7 кишвар (Русия, Беларус, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон) бо медали тилло сарфароз гаштаанд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, ки 20 намуди варзишро дарбар мегирад, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон иштирок менамоянд.
Кадом кишвар ҷои аввал гирифт?
Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир шудааст.
Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - баргузор шуда буд.
Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.
Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.
Беларус дар шароите ин мусобиқаро баргузор мекунад, ки ба хотири ҳимояташ аз ҷанги Русия алайҳи Украина зери таҳрими кишварҳои ғарб қарор дорад. Варзишгарони ин кишвар низ ба чанд мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Аврупо роҳ наёфта буданд.