Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Беларус то рӯзи 14-уми август идома хоҳад кард, бо касби 10 медал (1 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо мақоми нӯҳумро соҳиб шудааст.
Боз ду муштзани тоҷик – Меҳроҷ Сӯфиҷонов (-48 кг) ва Анӯшервон Фозилов (-51 кг), ки ба финал роҳ ёфтанд ва ҳади аққал бо медали нуқра мукофотонида мешаванд, ҳамакнун барои нишони тилло мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, қаблан дар риштаи бокс миёни духтарон Ҳангома Исоева дар вазни то 57 кило барои мақоми севум медали биринҷиро азони худ карда буд.
Аз ин пеш Лоиқ Қутбиддинов дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни писарон бо медали нуқра мукофотонида шудааст. Мадина Қурбонзода дар сабқати ҷудо миёни духтарон дар вазни то 48 кило бо медали биринҷӣ қадрдонӣ гардид. Боз як медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар намуди куштии фарангӣ ё юнонию румӣ байни писарон дар вазни то 60 кило ба даст овард. Дар сабқати куштии озод Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кило ҷойҳои севумро гирифта, бо медаҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо бо шумули ҳудуди 130 нафар аз рӯи 13 намуд рақобат мекунад. Ба назари коршиносон, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо дар риштаи самбо низ имкон доранд медал бигиранд.
Дастаи мунтахаби Русия, ки дар ҳафт рӯзи бозиҳо 177 медал (89 тилло, 55 нуқра ва 33 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро азони худ кардааст.
Дар ҳамин ҳол мунтахаби Беларус бо касби 146 медал (29+41+76) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 54 медал (9+13+32) дар ҷойи севум мебошанд.
Дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон (7+9+19), Арманистон (1+1+4), Қазоқистон (0+8+13), Туркманистон (0+3+8), Ветнам (0+2+1) ва Қирғизистон (0+1+9) дар байни нӯҳгонаи аввал қарор доранд. Қирғизистон ва Тоҷикистон бо натиҷаҳои якхела ҷойи нӯҳумро касб кардаанд.
Ба ин тартиб, дар ҳафт рӯзи бозиҳо варзишгарони 13 кишвар соҳиби медал шудаанд, аз он ҷумла намояндагони 5 кишвар (Русия, Беларус, Узбекистон, Озарбойҷон ва Арманистон) бо медали тилло сарфароз шудаанд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, ки 20 намуди варзишро дарбар мегирад, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон иштирок менамоянд.
Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир шудааст.
Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - баргузор шуда буд.
Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.
Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.