Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ҷинояти марбут ба рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, собиқ муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ду корманди собиқи ВКД ширкати фаъолона доштаанд. Раҳимзода дар ин бора 11-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат кард.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз зердастони собиқаш, ки дар рабудани Исматуллоев даст доштанд, ном набурд. "То соли 2013 ҳангоми мунтазам қонуншиканӣ аз тарафи онҳо мо онҳоро аз мақомот озод карда будем,"-гуфт Рамазон Раҳимзода.
Қаблан мақомоти Молдова гуфта буданд, Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёев ду маъмурро кушт, собиқ корманди милиса будааст. Инчунин манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфтанд, Дилшод Саидмуродов, муллақаб ба "Дилшоди СБ" ҳам корманди пешини Вазорати корҳои дохилӣ буд.
Рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" ва даст доштани кормандони пешини милиса сарусадоро дар атрофи ниҳодҳои қудратӣ аз ҷумла ВКД зиёд кард. Вазири корҳои дохилӣ 11-уми август дар ҳузури хабарнигорон аз он тавсиф кард, ки қазияи Шуҳрат Исматуллоев "дар муддати кутоҳ ошкор шуда, ба қатл расонидани Исматуллоев пурра исбот шудааст", аммо тафсилоти бештар надод.
Рамазон Раҳимзода дар посух ба пурсиши хабарнигорон, ки хабарҳо дар бораи паноҳ бурдани Дилшод Саидмуродзода дар пойгоҳҳои гуруҳи "Вагнер"-ро беасос хонд, вале дар бораи макони эҳтимолии ин гумонбар дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" чизе нагуфт.