Парвандаи таҷовузи духтари 13-сола дар Узбекистон ба додгоҳ рафт

Emberkereskedelem 3

Парвандаи таҷовузи духтари 13-сола дар Узбекистон рӯзи 9 август ба додгоҳ фиристода шудааст. Ҳодиса соли 2019 рух дода буд.

Расонаҳои Узбекистон пештар навишта буданд, хонаводаи духтари ноболиғ, ки дар ИМА зиндагӣ мекунад, барои расидан ба адолати додгоҳӣ талоши зиёд анҷом дода ва ба монеаҳо рӯ ба рӯ шудааст.

Гумонбар Ш.Ш., соли таваллудаш 1993, ҳангоми содир кардани ҷиноят 27 сол дошт. Вай айни замон дар шуъбаи муҳофизати Горди миллии Узбекистон кор мекунад.

Додгоҳ гумонбарро рӯзи 29 июл боздошт кардааст.

Тобистони соли 2019 духтари ноболиғ бо хонаводааш ба ноҳияи Кибраии вилояти Тошканди Узбекистон баргашта буд. Он замон гумонбар Ш.Ш. ба номуси ноболиғ таҷовуз кардааст.