Содироти семент аз Тоҷикистон дубора оғоз шудааст

Мақомот мегӯянд, содироти семент аз Тоҷикистон баъди ҳал шудани "нофаҳмии кӯчак" аз сар гирифта шуд. Манъи содироти семент дар моҳи июли имсол нигаронии ширкатҳои тавлидкунандаро ба миён оварда буд.

Мақомот сабабҳои муваққатан манъ кардани содироти сементро гуногун шарҳ медиҳанд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсии содирот 8-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, манъ шудани содироти семент дар пайи як нофаҳмие сурат гирифтааст. Сироҷиддинзода дар бораи ин нофаҳмӣ мушаххасан чизе нагуфт ва танҳо афзуд, "мушкиле, ки ба вуҷуд омад оиди нархномае, ки ба Ҷумҳурии Узбекистон содир мешуд, байни як-ду мақомот баҳсҳои корӣ буд, ин чиз баррасӣ шуд ва содироти семент ягон мушкилӣ надорад."

Як рӯз пеш Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав гуфта буд, “манъи содирот панҷ рӯз буд” ва ҳоло содироти семент ба кишварҳои хориҷӣ ҳамчунон идома дорад. Ба гуфтаи вазири саноат, “ин маҳдудият вобаста ба он буд, ки барои баъзе аз сохтмонҳои стратегӣ камбуди сементи баландсифат эҳсос карда шуд.”

Дар номаи Хадамоти гумрук, ки моҳи июл дастраси Радиои Озодӣ шуда буд, раиси ин ниҳод ба нақл аз дастури сарвазир мегӯяд, "бо мақсади таъмини бозори дохилӣ баровардани семент ба хориҷи кишвар манъ карда шавад."

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар нимсолаи аввал корхонаҳои сементбарории кишвар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Узбекистон 538 ҳазор тонна ва ба Афғонистон 193,7 ҳазор тонна семент содир кардаанд. Маблағи сементи содиротӣ ба Афғонистон 19,9 миллион доллар будааст.

Ҳафтаи дуюми моҳи июл бар асоси як номаи Хадамоти гумрук, содироти семент аз Тоҷикистон манъ шуда буд. Намояндагони баъзе корхонаҳои сементбарорӣ чунин тасмимро барои идомаи корашон зиёновар гуфта буданд.

Бино бар омори расмӣ, Тоҷикистон 16 корхонаи истеҳсоли семент дошта, солона беш аз чор миллион тонна семент тавлид мекунад. Соли гузашта зиёда аз як миллион тоннаи он асосан ба Узбекистону Афғонистон содир шудааст.

Гузориш дар бораи манъи содироти сементро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Содироти семент аз Тоҷикистон манъ шуд

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Содироти семент аз Тоҷикистон манъ шуд