Бо телефон ва планшет ба мактаб. Назари мардум ба лоиҳаи нав чист? ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки лоиҳаи наверо омода доранд, ки дар сурати қабули он истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон дар мактаб иҷоза дода мешавад. Ба гуфтаи вазир, тасмими мазкур дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта гирифта шудаааст.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати маориф, дар сурати қабули тартиби нав, ба хонандагони мактабҳо иҷоза дода мешавад, ки аз китобҳои электронӣ истифода баранд, аудиоҳоро гӯш кунанд ва наворҳои марбут ба дарсашонро бубинанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2007 Вазорати маориф бо телефони мобилӣ ба мактаб омадани хонандагон ва истифодаи он дар дохили мактабҳоро манъ карда буд.

Назарҳо ба тасмими мақомот дар бораи иҷозаи истифода аз телефон дар мактабҳо, гуногун аст. Қисме аз падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон аз телефонҳои мобилӣ истифода баранд ва иддаи дигар мегӯянд, телефонҳо ба кӯдакон зарар доранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки назарашон ба тасмими нави Вазорати маориф чӣ аст? Посухи сокинонро инҷо хонед ва тамошо кунед:

  • Кори шахсии ҳар инсон аст. Мо давлати демократӣ дорем. Бояд озод бошанд.
  • Ба воситаи телефон бачаҳо ҳар гуна чизҳоро тамошо мекунанд, вайрон мешаванд. Хонанда муаллимро видео мекунад, дарсҳояшро видео карда, дар байни қишлоқ ва ҷамъият паҳн мекунад. Обрӯи муаллим куҷо мешавад? Муаллим чӣ гуна тарбия кунад? Ҳеҷ вақт ин мумкин нест! Тақрибан 35 сол мешавад, ки таҷрибаи муаллимӣ дорам. Ман ба ин қонун зид!
  • Ба фикри ман кӯмакаш бештар, назар ба зарар доштан. Ҳозир асри технология аст, бояд кӯдакҳо бо техника кор карда тавонанд. Ҷиноятҳои кибернетикӣ зиёд шуда истодаанд. Бояд насли имрӯзаро тарбия кунем, ки боэҳтиёт бошанд ва тарзи дурусти техникаро кор карда тавонанд.
  • Бояд талаба бе интернет хонад. Вақти шӯравӣ бе интернет дарс мехонданд-ку? Чаро ҳозир намешудаст?
  • Бо ақлу фаросат шуда бошад, аз синфи 8 , 9, 10 боло, баъд диҳанд. Кӯдакҳо ҷазир мешаванд.
  • Ягон маҳуддият монанд, ки онҳо ба ҳар сомона даромада натавонанд. Дар ин сурат ба фикрам, ки иҷозат диҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истифодаи телефон ва планшет дар мактаб. Мардум розианд? ВИДЕО

КОРБАРОНИ АЗИЗ ШУМО ҲАМ МЕТАВОНЕД НАЗАРАТОНРО ДАР ИН МАВЗУЪ БА МО НАВИСЕД.