Се медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ дар Беларус

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Беларус ҷараён дорад, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар маросими ифтитоҳи пуршукӯҳи бозиҳо ҳайатҳои варзишии 22 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, иштирок карданд. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, ки 20 намуди варзишро дарбар мегирад, варзигарони ҷавони 9 кишвари ИДМ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон иштирок доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 132 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат меварзад. Дар се рӯзи бозиҳо варзишгарони тоҷик се медал гирифтанд. Лоиқ Қутбиддинов дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни писарон бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ дар финал аз Ойхон Мирзозодаи озарӣ мағлуб гашт.

Мадина Қурбонзода дар сабқати ҷудо миёни духтарон дар вазни то 48 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Боз як медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар намуди куштии фарангӣ ё юнонию румӣ байни писарон дар вазни то 60 кило соҳиб гашт.

Тоҷикистон дар ҳамин ҳол дар ҳисоби умумидастаӣ бо се медал (як нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми даҳум қарор дорад. Русия бо касби 81 медал (39 тилло, 25 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Беларус бо касби 50 медал (12+14+24) дар ҷойи дувум ва Ӯзбекистон бо касби 26 медал (6+9+11) дар ҷойи севуманд.

Дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон (3+6+12), Арманистон (1+0+1), Туркманистон (0+2+3), Ветнам (0+2+1), Қирғизистон (0+1+6) ва Қазоқистон (0+1+5) дар байни даҳгонаи аввал пеш аз Тоҷикистон қарор доранд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир шудаанд.

Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.

Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро азони худ кард.

Ӯзбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.