Иқболи Неъматулло, собиқ мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми кор дар ин мақом бо иттиҳоми ришвахориву сӯистифода аз вазифа боздошт гардид, бо пардохти танҳо се ҳазор сомонӣ бештар аз маблағе, ки ҳамчун пора гирифта буд, раҳо шудааст.
Моҳи марти имсол маъмурони амниятии Тоҷикистон хабар дода буданд
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони ришвагирӣ боздошт шуд, ки ӯ дар чанд моҳи корӣ аз 36 мудири мактаби ноҳияи ба номи Рӯдакӣ беш аз 65 ҳазор сомонӣ “пора” гирифтааст.
Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти додгоҳӣ, рӯзи 4-уми август гуфтанд, додгоҳ Иқболи Неъматуллоро ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (68 ҳазор сомонӣ) ҷарима ва 5 сол аз ҳаққи кор дар бахши маориф маҳрум намудааст.
Ба иттилои ҳамсуҳбатони мо, феълан ӯ дар озодӣ қарор дорад. Талошҳои мо барои суҳбат ба худи ӯ бенатиҷа анҷомид.
Маълум нест, Иқболи Неъматулло ба ҳукми додрас чӣ назар дорад, вале дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ҳукм моҳи июн эълон шуд ва Иқбол нисбат ба он эътироз накардааст.
Ӯро ба сӯистифода аз ваколатҳои давлатӣ бо моддаи 314, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ айбдор медонистанд. Ин меъёри қонун муҷозотро бо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол пешбинӣ мекунад.
Гузориши видеоиро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Иқболи Неъматулло баъди боздошт, дар як гузориши телевизиони давлатӣ иқрор шуда буд, ки дар чанд ҳолат аз мудирони мактаб барои аз “аттестатсия гузаронидан” пул гирифта, чанд нафари дигарро бар ивази маблағ мудири мактаб таъин намудааст. Маълум нест, ин суҳбати ӯ дар чӣ шароит сабт шудааст.
Иқболи Неъматулло дар моҳи октябри соли 2022 ба мақоми мудири маориф таъин шуда, чаҳор моҳ кор кардааст. Ин ҷавони 32-сола, ки дар гузашта як муддат дар мактаб ҳам кор кардааст, то таъин шуданаш ба вазифаи мудири маориф, яке аз ронандагони ширкати “Фавз” будааст.
Дар пай боздошти ӯ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сари ин нукта баҳс мешуд, ки чӣ гуна як ронанда, ки бо таҷрибаи андаки омӯзгорӣ, ки дар гузашта доштааст, ба мақоми мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи калонтарини Тоҷикистон расид.
Хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзи якуми август зимни як нишасти хабарӣ аз Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон айни чунин саволро кард. Вазир посух дод, ки “ҳамаи он раванде, ки барои таъин аст, риоя шудаанд ва мо ӯро даъват карда, ҳамсуҳбат шудем ва фаъолияташро дида, ба вазифа таъин кардем.”
Вазири маориф шарҳ надод, ки ҳангоми таъини ӯ ба вазифаи мудири маориф кадом талаботҳо риоя шудаанд, ҳарчанд, барои расидан ба ин мансаб омӯзгор бояд таҷрибаи беш аз даҳсолаи корӣ дошта бошад, ки Иқболи Неъматулло надоштааст.
Дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми мудири маорифи пешини ин ноҳияро дар доираи қонун арёзбӣ карданд.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳукм одилона нест, зеро дар асл мебинем, вақте нисбати шаҳрвандони одӣ бо чунин ҷурм парванда боз мешавад, онҳо ба муҳлатҳои 5 сол ё аз ин боло аз озодӣ маҳрум мешаванд, аммо нисбати мансабдорон, кормандони давлатӣ ҷазои сабук дода мешавад. Чун ки онҳо дар пушташон одам доранд, ҳимоягар доранд.”
Боздошти мудири як шуъбаи маориф дар Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ бори дигар баҳси таъини афроди номуносибро ба мансабҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.
Баъзе корбарон аз афзоши ҳолатҳои “тағобозӣ” ҳангоми таъини мансабдорон ва бархе дигар аз вазъи ногувори соҳаи маориф нигаронӣ намуданд. Дар вокуниш ба хабари боздошти мудири маорифи Рӯдакӣ, корбаре бо номи Абдусамад Раззоков дар “Фейсбук” навишта буд, ки “ барои ҳамин ҳам соҳаи маорифи Тоҷикистон сол ба сол фалаҷ шуда истодааст.”
Роҳ ёфтани афродӣ номуносиб дар мақомҳои давлатӣ, аз ҷумла дар бахши маориф дар гузашта низ борҳо садо додааст. Ҳарчанд доираҳои коршиносӣ аз вуҷуди омилҳои фасоду “тағобозӣ” ҳангоми таъини кадрҳо нигаронӣ намудаанд, вале масъулони низоми маорифи кишвар ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар ин самт ба сатҳи донишу касбият бартарӣ медиҳанд.