Нимаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозиҳои даври 15-ум шуруъ шуд. Ду бозӣ бегоҳи панҷшанбе ва се бозии дигар бегоҳи ҷумъа доир гардиданд.
3-юми август «Файзканд»-и Восеъ дар майдони худ КМВА (Клуби марказии варзишӣ)-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 ва «Ҳосилот» –и Фархор «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.
4-уми август бошад, бозии марказии даври 15-ум дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ миёни пешсафони ҷадвли мусобиқот - «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Инчунин бозии «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи меҳмон – «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. «Эсхата»-и Хуҷанд дар майдони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол»и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко бо касби 30 имтиёз аз 14 бозӣ дар мақоми аввал аст.
«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ (сармураббиаш Аҳлиддин Турдиев), ки баъди 15 бозӣ 26 имтиёз. гирифтааст, дар мақоми дувум қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб (сармураббиаш Тоҳир Муъминов), ки аз 15 бозӣ 25 имтиёз дорад, мақоми севумро соҳиб шудааст.
Бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзҳои 8-9-уми август баргузор мешаванд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023
Лигаи олӣ. Даври 15-ум
«Файзканд» – КМВА – 2:0
Голҳо: Ҳоҷиакбар Узоқов, 59 (1:0). Ҷамшед Муродов, 89 (2:0).
3 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 200 тамошобин.
«Ҳосилот» – «Хатлон» – 1:0
Гол: Саидмухтор Азимов, 45 – аз пеналти.
3 август. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 6500 тамошобин.
«Кӯктош» – «Истиқлол» – 1:1
Голҳо: Муҳаммад Камол, 28 (1:0). Сенин Себаи, 48 (1:1).
4 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 3900 тамошобин.
«Равшан» – «Хуҷанд» – 1:1
Голҳо: Эҳсон Бобоев, 13 (0:1). Амирҷон Сафаров, 66 (1:1).
4 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 4000 тамошобин.
«Эсхата» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1
Гол: Диловаршо Ғаниев, 88.
4 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2700 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Тӯбҳо |
И | ||||
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
14 |
9 |
3 |
2 |
33-7 |
30 | ||||
2 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
15 |
8 |
2 |
5 |
25-20 |
26 | ||||
3 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
15 |
6 |
7 |
2 |
19-11 |
25 | ||||
4 |
«Файзканд» (Восеъ) |
15 |
6 |
6 |
3 |
23-16 |
24 | ||||
5 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
15 |
7 |
1 |
7 |
17-21 |
22 | ||||
6 |
“Хуҷанд (Хуҷанд) |
15 |
4 |
6 |
5 |
13-20 |
18 | ||||
7 |
КМВА (Душанбе) |
14 |
4 |
5 |
5 |
11-10 |
17 | ||||
8 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
15 |
4 |
3 |
8 |
11-19 |
15 | ||||
9 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
15 |
3 |
5 |
7 |
15-21 |
14 | ||||
10 |
“Хатлон” (Бохтар) |
15 |
4 |
0 |
11 |
8-30 |
12 | ||||
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд»), Азизбек Султонов («Кӯктош») – 7-тӯбӣ, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – 6 тӯб, Бахтиёр Зарипов («Эсхата»), Алишер Шукуров («Кӯктош») – 5-тӯбӣ.
Даври 6-ум
8 август (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Хатлон» – «Равшан»
КМВА – «Ҳосилот»
9 август (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Эсхата»
«Кӯктош» – «Файзканд»