Ситораи опера Анна Нетребко аз болои Метрополитен-опера ба додгоҳ шикоят кард

Анна Нетребко ва Валерий Гергиев дар саҳнаи театри Мариинка дар Санкт-Петербург. Соли 2013

Овозхони операи Русия ва Австрия Анна Нетребко ба додгоҳи Манҳэттен аз болои театри Метрополитен-опера ва раҳбарияташ шикоят кардааст. Ӯ гуфтааст, ки мавриди тӯҳмат ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ қарор гирифтааст ва аз ҷумла, шартномаи кораш дар ин ҷо қатъ шудааст.

Нетребко талаб кардааст, ки чун ҷуброни зарари расида ва ҳам барои хароҷоти машқу тамринҳояш театри маъруф ба ӯ дар ҳаҷми 360 ҳазор доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад. Маъмурияти театр баъди шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина дар моҳи феврали соли 2022 ҳама ҳамкориро бо ӯ қатъ кард. Питер Гелб, раҳбари ин театр аз Нетребко хост, ки аз тарафдории Путин даст кашад.