Даргузашти академик Саидмуҳаммад Одинаев

Саидмуҳаммад Одинаев, академик ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи улуми дақиқ шаби гузашта дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора аз Фарҳангистони улуми Тоҷикистон хабар доданд.

Академик Саидмуҳаммад Одинаев узви пайвастаи Академия улуми Тоҷикистон фаъолияти худро, дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси ассистент ковишҳои худро оғоз кардааст. Вай дар соли 1983 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев ва рисолаи докториашро соли 1995 дар Тоҷикистоне ҳимоя кард.

Солҳои 1999-2001 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови Фарҳангистони улум ва баъдан то соли 2005 ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Хидматҳояш бо ордени “Шараф” арҷгузорӣ шуда, ӯ ба сифати узви пайвастаи чандин академияҳои байналмилалӣ пазируфта шуда буд.