Гирдиҳамоиӣ гурӯҳе аз сокинони Қазоқистон бо талаби маоши зиёд

Кормандони ширкати "Интергаз Центральная Азия" дар Қазоқистон дар як муроҷиати видеоӣ аз президенти ин кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев талаб карданд, ки маошашон ба андозаи сад дар сад зиёд карда шавад.

Яке аз ин кормандони норозӣ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта ба далели афзоиши таваррум талаб карда буданд, ки маошашон боло бурда шавад. Дар қарордоде, ки имсол бо кормандон имзо шуд, ҳаҷми маоши онҳо танҳо 4,5 дарсад бештар дарҷ гаштааст. Вале кормандон талаб доранд, ки маош сад дар сад зиёд шавад.

"Сатҳи таваррум дар кишвар имсол 20,3 дарсадро ташкил дода, нархи маҳсулоти ғизоӣ 25 дарсад ва маводи ниёзи аввал 19,5 дарсад гаронтар шудааст. Бо назардошти гароншавии нархи тарифҳои хидматрасонӣ мо талаб дорем, ки маоши мо аз моҳи январи имсол сад дар сад зиёд шавад", - изҳор дошт нафаре, ки дар навор муроҷиатномаро мехонд.

Дар ширкати "Интергаз Центральная Азия" гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир наметавонанд маоши кормандонро ба маротиб бештар кунанд.