Cӯхтор дар як баландошёнаи Алмато: 31 кас осеб дидааст

Дар яке аз баландошёнаҳои зист дар маҳаллаи Аккенти шаҳри Алматои Қазоқистон 1 август сӯхтор ба амал омадааст.

Раёсати тандурустии Алмато хабар дода, ки 31 сокиниин бино, аз ҷумла 16 кудак бо нишонаҳои сӯхтагӣ ба бемористон интиқол дода шудааст.

"Дар натиҷаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар иттилоияи раёсат.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дода, ки 250-300 сокини биноро ба ҷои бехавф кучониданд