Ширкати “Ёқут” вазифадор шуд, ки ба Сиёвуш 100 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад. ВИДЕО

Сиёвуш Акобиршоев мегӯяд, аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум шуд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ширкати "Ёқут--2000"-умро вазифадор кард, то ба ҷавоне, ки аз беэҳтиётии сохтмончиёни ин ширкат маъюб шудааст, сад ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад.

Сиёвуши 27-сола, моҳи феврали соли 2021 бар асари афтодани оҳанпорае аз бинои навсохти ширкати “Ёқут 2000”-ум дар Душанбе аз чаҳор ангушти пой ва имкони озодона роҳ рафтан маҳрум шуд. Ӯ барои ҷуброни зарар ба додгоҳ шикоят бурд. Баъди баҳсу баррасиҳои беш аз ду сола, додрас ҳукм содир намудааст, ки аз ҳисоби "Ёқут - 2000"-ум ба Сиёвуш 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт шавад.

Намояндаи ширкат дар додгоҳ гуфтааст, ба ҷабрдида Сиёвуш Акобиршоев ҳангоми табобат дар ҳамҷи беш аз 70 ҳазор сомонӣ кӯмаки лозимаро дастрас карда буданд.

Додраси парванда таъкид намудааст, ширкат барои чунин иддаояш далелҳои кофӣ пешниҳод накардааст. Дар қарори додгоҳ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ҳамзамон гуфта шудааст, ки “ҳарчанд маълум намудаанд, ки “Ёқут-2000”-ум ҳангоми бистарӣ шудани Сиёвуш ба ӯ кӯмак расонидааст, вале барои гузоштани “протез” ба пои осебдидаи ӯ харҷи иловагӣ лозим аст.”

Таҷаммулшоҳ Акобиршоев, падари ин ҷавон мегӯяд, даъвои онҳо сари пардохти бештар аз 500 ҳазор сомонӣ буд, вале додгоҳ дар ниҳоят чунин ҳукм содир кард. Вай аз болои қарори додгоҳ шикояти такрорӣ накардааст ва интизори иҷрои ҳукми додрас аст, ки ҳанӯз моҳи апрел содир шуда буд.

Бо таваҷҷӯҳ ба харҷҳои дар дохил ва хориҷ анҷомдодаи Сиёвуш ва идомаи табобаташ, вакили мудофеяш аз додгоҳ талаб карда буд, ки ширкат ба ин ҷавон 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ ва 140 ҳазор сомонӣ ҷуброни моддӣ пардохт кунад.

Намояндагони ширкати "Ёқут -2000"- ум дар мурофиаҳои додгоҳӣ пофишорӣ намудаанд, ки онҳо аз рӯзҳои нахустини ба беморхона интиқол ёфтани Сиёвуш, ба ӯ кӯмак кардаанд.

Наврӯз Қодиров, яке аз масъулони ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ гуфтааст, “барои табобати Сиёвуш Акобиршоев 70 то 75 ҳазор сомонӣ харҷ намудаанд, ки як қисмати онро аз номбурда забонхат гирифтаанд.”

Додрас дар қарори худ гуфтааст, ширкати “Ёқут-2000”-ум дар қазияи Сиёвуш ӯҳдадориҳои худро тибқи қонунгузории кишвар иҷро накарда, дар бораи харҷи 75 ҳазор сомонӣ ба додрас далелҳои тасдиқкунанда пешниҳод накардааст.

Намояндагони ширкати "Ёқут -2000"-ум ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд. Онҳо қаблан дар суҳбат ба Радиои Озодӣ шикояти Сиёвушро беасос хонда, гуфта буданд, ки санаи рух додани ҳодиса дар маҳали сохтмон лентаҳои огоҳкунанда кашида буданд, вале Сиёвуш лентаро убур карда, аз маконе, ки набояд роҳгузарон мегузашт, гузаштааст. Чунин иддаоро Сиёвуш Акобиршоев беасос медонад.

Ин видео соли 2021 дар бораи ин ҳодиса таҳия шуда буд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси додгоҳии Сиёвуш бо "Ёқут-2000" анҷом ёфт

Раиси ширкати "Ёқут-2000"-ум соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода аст, ки қаблан нахост дар бораи ин қазия ба Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Бино ба санадҳои расмӣ, ин ширкатро соли 2000-ум дар идораи андоз ё молиёт сабт кардаанд ва самти фаъолияташ "истеҳсол ва хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум" аст. Ширкат дар оғоз ба таҳияи либосҳо машғул буд ва дар солҳои ахир чандин тарҳи сохтмониро ба уҳда дорад.

Сиёвуш Акобиршоев, сокини ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст. Ҳарчанд шикояту нигарониҳо аз хатар дар маҳали сохтмонҳо бештар садо медиҳад, вале на ҳамеша ҷабрдидаҳо барои талаби ҳаққу ҳуқуқи худ мисли Сиёвуш то додгоҳ шикоят мебаранд.

Солҳои охир дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат идома дорад. Мақомот пайваста аз дигар шудани симои шаҳр суҳбат мекунанд, аммо сокинон аз риоя нашудани чораҳои бехатарӣ дар маҳалли сохтмонҳо дар ташвишанд.

Мақомот ҳодисаҳои нохушро бештар ба бемасъулиятии муҳандисон ва бепарвоии сокинон рабт медиҳанд. Наздикони ҷабрдидаҳо ба ин назаранд, ки аслан бетаваҷҷуҳии роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва чашмпӯшии мақомот ба камбудҳо боис ба бештар сар задани чунин ҳодисаҳо шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баҳси Сиёвуш бо "Ёқут-2000"-ум додгоҳӣ шуд. ВИДЕОБаҳси Сиёвуш бо "Ёқут" поён ёфт. Муҳандис афв шуд, ҷуброни зарарро кӣ медиҳад? ВИДЕООҳанпорае, ки аз бинои 19-ошёна дар Душанбе афтод, як ҷавонро маҷрӯҳ кард. Додситонӣ месанҷад. ВИДЕО