Як ҷавони тоҷик, ки дар Киев, пойтахти Украина тиҷорати худро ба роҳ монда буд, мегӯяд, пас аз ҳамлаи Русия нақшаҳояш хароб шуданд.
Русия бедалел охири моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард.
Он замон Исматулло Сафарови 29-сола, муҳоҷири тоҷик дар пойтахти ин кишвар машғули кор буд.
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, шоҳиди ҳамлаи бомбаборони Киев буд ва бо чашмони худаш кушта шудани инсонҳои бегуноҳро шоҳид шудааст.
Қиссаи дар Киев маскан гирифтани Исматулло дуру дароз ва пур печутоб аст. Ӯ ҳанӯз соли 2012 пас аз хатми мактаби миёна рахти сафар ба Русия баст ва дар як коргоҳи истеҳсоли мармар ба кор пардохт.
Соли 2014 барои дароз кардани ҳуҷҷатҳояш марзи Русияву Украинаро убур кард, аммо замони бозгашт барояш иҷозаи вурудро надоданд. Ҳамин тавр, вақте Русия марзро ба рӯи Исматулло баст, Украина дарашро ба сӯяш боз кард. Исматулло мегӯяд, дар ин кишвар дар шароите маскан гирифт, ки дар бисоташ тангае ҳам надошт.
Ӯ дар чор соли зиндагӣ дар Киев нуқтаи фурӯши хӯрокҳои тезтаёр, бо номи “Боммаза”-ро таъсис дод. Аксари муштариёнаш мардуми таҳҷоӣ ҳастанд. Ӯ мегӯяд, агар ҷанги бемаънии Русия дар Украина оғоз намешуд, тиҷораташ рушд мекард.
Бар асоси омори расмӣ, то оғози ҷанг дар Украина чор ҳазор тоҷик кору зиндагӣ мекард.
Аксари тоҷикон ин кишварро тарк карданд, вале бархе мисли Исматулло дар он ҷо монданд.