Вокуниши Вазорати маориф: теъдоди омӯзгорони унвондор рекордӣ шудааст

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи кам шудани устодони унвондор дар мактабҳои олии кишвар вокуниш карда гуфтааст, вазъият дигар аст. Ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ аз қавли як масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди президент навишт, агар дар гузашта як номзади илм ба 16 донишҷӯ рост меомад, ҳоло ба 42 донишҷӯ як номзади илм рост меояд. Абдураҳмон Қурбонов, сардори як раёсати Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон зимни як нишаст вазъро ба бознишаста шудани устодони 63-сола рабт дод.

Масъулини Вазорати маориф навиштаанд, “теъдоди унвондорони илмӣ дар соли 2023 дар муқоиса ба соли 2022 дар маҷмӯъ 17,93% зиёд гардида, 5340 нафарро ташкил медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бесобиқа дониста мешавад.”

Дар ҳоле, ки масъулини Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфтанд, ба 42 донишҷӯ як устоди унвондор рост меояд, Вазорати маориф гуфтааст, дар мактабҳои олии кишвар “як устоди дорои унвони илмӣ ба 40 нафар донишҷӯ дарс медиҳад.”

Дар вокуниши Вазорати маориф ҳамчунин омадааст, барои онҳое, ки дараҷаи номзади илмро мегиранд аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ ва барои омӯзгороне, ки рисолаи докторӣ ҳимоя мекунанд аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳанд.

Бархеҳо дар кишвар аз кам шудани шумори устодони камтаҷриба нигаронанд. Як масъалаи баҳсбарангез, ки дар як нишасти Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳам садо дод, барканор кардани мудироти кафедраҳо баъди расидан ба синни нафақа аст.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, мутахассисон ва донишмандоне, ки ба синни нафақа мерасанд, танҳо аз вазифа озод мешаванд, аммо тибқи қарордод кори худро идома медиҳанд:

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Омӯзгорони ботаҷриба ва унвондори тоҷик дар донишгоҳҳо кам шудаанд? ВИДЕО