Евгений Пригожин, раиси гурӯҳи муздурони "Вагнер" дар як навори видеоӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, ҳангоми истиқбол аз нерӯҳои ин гурӯҳ дар Белорус гуфт, ки "Вагнер" дигар дар Украина намеҷангад, вале онҳо бояд худро барои Африқо омода кунанд. Ин навор, ки аз тарафи канали хабарии "Вагнер" дар "Телеграм" нашр шуд, аввалин санаде аз маҳали ҷобаҷойии Евгений Пригожин пас аз ошӯб ин гурӯҳ дар 23 июн аст.
Дар ин навор, ки хабаргузориҳои байналмилалӣ ҳанӯз натавонистаанд дурустии онро таъйид кунанд, садо ва лаҳҷаи русии марде, ки монанд ба Евгений Пригожин аст, шунида мешавад, ки зархаридони "Вагнер"-ро хушомадед мегӯяд. Ин навор аз сӯи расонаҳои "Вагнер" дар "Телеграм" бозпахш шудааст.
Дар ин навор фарде, ки ба назар мерасад Евгений Пригожин аст, мегӯяд, "ба хоки Белорус хуш омадед. Мо сарфарозона ҷангидем. Шумо барои Русия корҳои бузурге анҷом додед. Ончӣ дар ҷабҳаи ҷанг мегузарад, шармовар аст ва дигар лозим нест, ки дар он иштирок кунем".
Владимир Путин дар аввалин вокуниши худ ба ошӯби "Вагнер" гуфта буд, ки онро саркӯб хоҳад кард, вале чанд соат баъд байни Кремл ва Евгений Пригожин созише сурат гирифт ва бар асоси он, ба муздурони "Вагнер" иҷоза дода шуд ба Белорус бираванд.
Евгений Пригожин пас аз шӯриши "Вагнер" гуфт, ҳадаф аз ин иқдом барканории Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва генерал Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия будааст, на сарнагунии ҳукумати Владимир Путин.
Аз рӯзи 24-уми июн, ки видеои хуруҷи Пригожин аз шаҳри Ростов нашр шуд ва Путин ӯро хоин хитоб кард, аз сарнавишти ӯ хабари дақиқе дар даст набуд. Илова бар ин, маълум набуд, ки зархаридони "Вагнер", ки ба иддаои Пригожин шумори онҳо ба 25 ҳазор нафар мерасад, пас аз хуруҷ аз ҷабҳаи ҷанг дар Украина чӣ хоҳанд кард.
Пас аз ошӯби "Вагнер" ҳукумати Русия ва Владимир Путин талош кардаанд, ки вазъро ором нишон диҳанд. Мақомҳои рус тафсири сиёсатмадорон ва коршиносони ғарбӣ аз ошӯбро рад карда ва гуфтаанд, ки Ғарб набояд худро бо ин "ҷанҷолсозиҳо" машғул кунад.
Дар бахши дигаре аз видео, як парчами сиёҳи гурӯҳи "Вагнер" бо шиори "Хун, ифтихор, сарзамини модарӣ ва шаҳомат", ки аз урдугоҳи қаблии онҳо дар ҷануб-ғарби Русия ба Белорус мунтақил шудааст, ба Пригожин супурда мешавад.
Ҳукумати Белорус ҳафтаи гузашта хабар дод, ки муздурони гурӯҳи "Вагнер" дар як пойгоҳи низомӣ воқеъ дар ҷануб-шарқи Минск дар ҳоли омӯзиш додани сарбозони ин кишвар ҳастанд.
Евгений Пригожин дар бахши дигаре аз видео ба зархаридони "Вагнер" мегӯяд, ки бо мардуми маҳаллӣ ба хубӣ рафтор кунанд, ба онҳо дастур медиҳад, ки сарбозони Белорусро омӯзиш дода, худро барои "сафари нав ба Африқо" омода кунанд.
Ӯ меафзояд, "ва шояд мо ба амалиёти низомии вижа (номе ки Русия ба ҷанги Украина додааст) бозмегардем, вале вақте ин корро хоҳем кард, ки мутмаин шавем водор ба шармсорӣ нахоҳем шуд".
Гуруҳи "Вагнер" ҳамзамон бо густариши дахолати низомии Русия дар кишварҳои дигар монанди Сурия, Либия ва Моли ва бо ҳадафи рад кардани ин дахолатҳо таъсис шуд ва доманаи фаъолияти он дар даҳаи гузашта густариш ёфтааст.
Яке дигар аз муассисон ва раҳбарони феълии ин ширкати низомии хусусӣ Дмитрий Уткин, афсари пешини нерӯҳои вижаи зиддиистихборотии артиши Русия аст. Пас аз Евгений Пригожин, марди дигаре ки ба назар мерасад Дмитрий Уткин бошад, барои зархаридони "Вагнер" суханронӣ кард.
Ӯ ба забони русӣ гуфт, "ин охири кор нест. Ин фақат оғоз кори бузурге дар саросари ҷаҳон аст, ки ба зудӣ онро иҷро хоҳем кард".
Уткин сипас ба забони англисӣ афзуд, "ба дӯзах хуш омадед".