Рейду тафтишҳои пайиҳам дар Русия кору зиндагии занони муҳоҷири тоҷикро ҳам, ки шуморашон солҳои ахир торафт бештар мешавад, мушкил кардааст. Онҳо ҳам баробар бо мардон аз тарси боздошту хориҷ шудан аз пулис мегурезанд ва дар ҷангалу хонаҳо панаҳ мебаранд. Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бархе занони муҳоҷир барои харҷи зиёд накардан бе патент ва расмиёти дигар дар Русия ба кор шурӯъ мекунанд, ки дар ниҳоят барояшон дарди сар эҷод мекунад.
"Эй чархи фалак ҳамеша тобам додӣ,
Аз аввали зиндагӣ азобам додӣ."
Як муҳоҷирзани тоҷик баъди фирор аз таъқиби пулис, азобу мушкилоти худро бо ин ду мисра тасвир кардааст. Ӯ ва ҳамроҳонаш дар Краснодар аз як рейд ё амалиёти пулис гурехта, дар як саҳро панаҳ бурдаанд.
“Се соат шуд инҷо гаштем. Даҳ нафарамонро бурдаанд. Мо барои кор омадагӣ ҳастем ба ин водӣ. Азоб. Ба лою об даромадем. Даруни дарахтҳои хордор даромадем. Гурехтем, кафшҳоямон дариданд. Канд ҳамааш. Чӣ кор кунем? То ҳамин водиҳо пулис омадаи истодааст. Азоб кашидем, азоб.” – нақл кард, муҳоҷирзани тоҷик, ки нахост муаррифӣ шавад ва чеҳраашро нишон бидиҳад. Ӯ дар як наворе гуфт, дар киштзорҳои Краснодар кор мекунад ва аз тарси пулис ба хобгоҳ рафтан намехоҳанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Амалиёт алайҳи муҳоҷирон баробар бо мардон кору зиндагии занони муҳоҷирро ҳам сахту мушкил ва онҳоро ҳам тарсону гурезон кардааст. Шоҳида як соли пеш баъди ҷудо шудан аз шавҳар барои таъмини фарзандон ба Русия омад. Кӯдаконашро дар тарбияи модараш мондааст. Мегӯяд, патент надорад ва бо тарсу ҳаросу пинҳон аз чашми милисаҳо ба берун меравад.
“6 ҳазор патент, 6 ҳазор пули иҷора. Гуфтам беҳтар аст ин пулро ба кӯдаконам фиристам. Худам гурехта, пинҳон шуда мегардам. Як магазин меравӣ ё дорухона, мушкил аст. Як рӯз пеш аз иди қурбон милисаҳо то дари лифт маро таъқиб карда, оварданд. Ҳуҷат надоштам, қапиданд қариб мебурданд, вале ҳал шуд, вагарна бурда депортатсия мекарданд”- гуфт, Шоҳида.
Ин муҳоҷирзан дар Тоҷикистон хона надорад, мегӯяд, маҷбур аст дар ин шароит ҳам тоқат кунаду ин ҷо бимонад. Дар ин кишвар ӯ хона тоза мекунад, “Хонаи як русро омада тоза карда истодаам, хонааш хеле калон аст, аммо мегӯяд 2 ҳазорат медиҳам. Чӣ кор мекунӣ дигар. Маҷбурӣ тоқат кунӣ. Ҳамар мефорад, дар пеши фарзандонаш бошад. Аммо илоҷ нест.” – афзуд, Шоҳида дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Бино бар иттилои мақомоти Тоҷикистон дар як соли 2022 тақрибан 130 ҳазор зан ба муҳоҷират рафтаанд, ки ду баробар бештар аз солҳои дигар будааст. Онҳо аксаран дар хонаву саҳро ва корхонаву сохтмонҳо тамизкорӣ мекунанд. Мегӯянд, корашон сабук нест, вале ба фарқ аз мардон маоши камтар доранд.
Зулайхо Алимаҳмадова, муҳоҷири дигари тоҷик, рӯзи кориашро чунин тасвир мекунад:“Мо дар анбор кор мекунем, кор вазнин аст. Аз соати 8-и шаб то 8-и саҳар фақат тоза мекунем. Шиштан мумкин нест, ҷарима мекунанд. Ду соат пас 10 дақиқа танаффус аст, тамом.”
Аксари заноне муҳоҷир мешаванд, ки бори таълиму тарбияи фарзандонро ба танҳоӣ бар душ доранд. Зулайхо Алимаҳмадова, модари 5 фарзанд баъди марги шавҳар роҳи Русияро пеш гирифт. Шавҳарашро чанд соли пеш дар ҳодисаи нохуше дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз даст дод. Мегӯяд, чанд сол талош кард, аз ширкате, ки шавҳараш дар он кор мекард барои фарзандони нимаятим кӯмакпулӣ бигирад, аммо даъвояш пурра қонеъ нашуд ва фарзандонашро дар хонаи хешу табор монда, ба муҳоҷират рафт.
Зулайхо Аҳмадова гуфт, "дар хонаи иҷора будем, зӯрам нарасид. Бояд то 18 солагии кӯдакон маблағ медоданд. Ба ҳар ҷое муроҷиат кардаму ариза навиштам як ҷавоб медиҳанд. “интизор бошед, интизор бошед”
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, моҳҳои ахир боздошти муҳоҷирзанон ҳам дар Русия бештар шудааст. Ба гуфтаи онҳо ба фарқ аз мардони муҳоҷир, занон аксаран патент надоранд ва будубошашонро расмӣ намекунанду ин мушкили онҳоро дар кишвари бегона дучанд мекунад.
Муҳаммадҷон Собиров, ҳуқуқшиноси тоҷик дар Маскав мегӯяд, дар як ҳафтаи гузашта ду зани тоҷик бо ин мушкил ба ӯ муроҷиат кардаанд. “Занҳое бисёранд, ки дар ягон хона кампиру кӯдакро нигаҳ мекунанд ва маоши он қадар баланд надоранду азбаски кам берун мебароянд ҳуҷҷат намекунанд, ки ин хеле бад аст. Дар ҳамин ҳафта ба ман ду зан муроҷиат кард. Бо патенти Маскав дар Вилояти Маскав кор кардаанд. Онҳоро боздошт ва депорт кардаанд. Мо шикоят навиша фиристодем, зеро шавҳаронашон шаҳрвандии Русияро доштанд.”-афзуд Собиров.
Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, занони муҳоҷири тоҷик мегӯянд, барои ҳамаи онҳо дурӣ аз фарзандон сахт аст, аммо ба хотири таъмини онҳо ва бо умеди дарёфти сарпаноҳе дар кишвар маҷбуранд, тамоми озору азиятҳои муҳоҷиратро таҳаммул кунанд.