Нархи як маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон паст шудааст. ВИДЕО

Боғҳои зардолу дар Конибодом.

Шохаҳои аксари дарахтони зардолу имсол аз серҳосилӣ ба замин моил шудаанд. Тоҷирону деҳқонон мегӯянд, барои ҷамъоварии ҳосил заҳмати зиёд мекашанду харҷи бештар мекунанд, вале фоидаи камтар мегиранд.

Низомиддин Маҳкамов, тоҷири зардолу мегӯяд, "зардолуи хушк барои шарбат аз 1-1,5 сомонӣ сар мешавад. Ин навъи пасташ. Аз ин баландтараш шояд 2-2,5 сомонӣ аст. Зардолуи хуби рангдораш. Агар ҳозир даркор шаваду маҷбур бошем арзонтар фурухтан мегирем. Чӣ кор кунем дигар? Фарзандҳоро ба мактаб тайёр кардан лозим, либосу китоб гирифтан даркор аст".

Кишоварзон дар вилояти Суғд се сол боз ҳосили хуби зардолу намегирифтанд. Чун дар авҷи шукуфтан муғчаҳоро сармо мезад. Аз ҷумла, соли гузашта дар вақти гул кардани дарахтон ногаҳон барф борид.

Имсол ҳаво гарм омаду умед доштанд, ки бо ҳосили хуб зиёни чандсоларо ҷуброн мекунанд. Аммо аз як тараф ҳосили зиёд нархро дар дохил поин овард ва аз сӯи дигар баста мондани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бозорро суст кардааст.

То соли 2021 ва баста шудани марз аз тарафи Қирғизистон, бахши асосии дастранҷи деҳқонон ба воситаи вилояти Ботканди Қирғизистон ба дигар кишварҳо бахусус ба Русия интиқол меёфт. Аммо ҳоло роҳи деҳқонон ва тоҷирон барои содироти зардолу дуртар шудааст. Бар иловаи ин, тоҷирон аз таъсири идомаи ҷанги Русияро дар Украина ёдовар мешаванд.

Гузориши видеоиро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хушҳолӣ ва ҳам шикоят аз ҳосили зиёди зардолу

Ғуфрон Шарофов, тоҷири дигар мегӯяд, "ба фикри мо тарафи Русия ин навъи маҳсулотро хуб қабул накарда истодааст. Маҳсулот ба тарафи Русия, Туркия, Эрон содирот шавад, кори мо меҷунбад, онҳо наомада истодаанд".

Дар вилояти Суғд беш аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу ҳаст. Ин заминҳо дар минтақаҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ҷойгиранд.

Дар назар аст, дар мавсими имсола кишоварзони вилоят зиёда аз 100 ҳазор тонна зардолу бигиранд. Бо вуҷуди поин омадани нарх, тибқи маълумоти расмӣ, тоҷирон рӯзона то садҳо тонна зардолуро ба Русияву Қазоқистон мебаранд, то мева дар ҷояш напӯсаду заҳматашон пурра барбод наравад.