Шояд бовар накунед, вале дар шаҳри Кӯлоб фақат як истгоҳи автобус боқӣ мондааст. Шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дур будани истгоҳ аз маркази шаҳр сабаби бақои он аст. Се сол пеш Баҳром Иноятзода, раиси собиқи Кӯлоб, дастур дод, ҳамаи истгоҳорро вайрон кунанд, чун шаҳр бозсозӣ мешавад. Ҳоло дигар истгоҳе дар маркази шаҳр вуҷуд надорад. Камолиддин, сокини Кӯлоб: "Истгоҳ хуб аст, барои мусофирону мусофиркашҳо, аммо вақте, ки тамбашавӣ бошаду мошин рафта натавонад, лозим нест.”
Бидуни истгоҳи мушаххас дар Кӯлоб, мошинҳои мусофирбар ҳар ҷое хостанд, меистанд ва мушкилоти бештарро барои ҳаракати сокинону нақлиёт ба вуҷуд меоваранд. Пеш аз таъйин шудани Баҳром Иноятзода Кӯлоб дорои даҳҳо истгоҳ буд, ки дар фасли гармову сармо сокинон зери онҳо мунтазири автобусу нақлиёти мусофирбар мемонданд.
Видеоро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар як гӯшаи шаҳр истгоҳи замонавӣ ҳаст, аммо аз буҷаи маҳаллӣ сохта нашудааст. Дар шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳин қарор дорад ва онро бо пули роҳ, ширкатҳои чинӣ сохтаанд. Сокинон мегӯянд, ки чунин истгоҳҳо сохта шаванд, беҳтар аст. Дар ҳукумати шаҳр гуфтанд, ки тарҳи сохтани истгоҳҳои навро таҳия кардаанд.
Алишер Бобоҷонов, сармеъмори Кӯлоб: "Мо нақшаро омода кардем, соҳибкоронро даъват карда, бо онҳо машварат кардем, бояд созанд, дар як тарафаш мағоза ва як тарафи дигар истгоҳ шавад.”
Кӯлоб бо 235 ҳазор аҳолӣ сеюмин шаҳри калони Тоҷикистон аст. Корхонаҳои зиёд надорад ва мардуми зиёде аз он барои кор ба Русия мераванд. Иддае аз Душанбе бор меоранду дар бозор мефурӯшанд.
Онҳое, ки мардикориву Русия намераванд, ба таксиронӣ машғуланд. Аз ҳамин сабаб дар шаҳр ҳаракати мошинҳо ва тамбашавӣ зиёд аст. Яке аз омилҳои инро дар набуди истгоҳ ва ҳар ҷо истодани мусофирбарону таксиҳо медонанд.