Тинчтики 28-сола аз Қирғизистон яке аз садҳо муҳоҷиронест, ки дар амалиёти ахири “Нелегал” ба дасти пулиси Русия афтид ва ба боздоштгоҳи муввақатии Сахарово интиқол ёфт. Ба нақли ин муҳоҷир дар Сахарово талош карданд ӯро барои рафтан ба ҷанги Украина розӣ кунанд. Барояш ваъдаҳо доданд. “Ваъда мекунанд, ки агар барои 6 моҳ биравӣ 1 миллиону 200 ҳазор рубл мегирӣ ва соҳиби санадҳои зарурии будубош дар Русия мешавӣ,”- нақл кард, Тинчтик дар сӯҳбат бо хабарнигорони лоиҳаи “Медиа-мигрант”.
Баъди посухи рад додан, Тинчтик ҳамроҳ бо 30 зодаи дигари Қирғизистон аз Русия ронда шуд. Ӯ акнун 5 соли оянда ба Русия роҳ дода намешавад.
Тинчтик 8 соли ахир дар сохтмонҳои Русия кор мекард. Дар рейди ахир ӯ бинобари гузаштани муҳлати сабти иқоматаш боздошт шуд. Муҳоҷири қирғиз умед дошт, ки метавонад бо супурдани ҷарима халос мешавад, аммо ин амалиёти одӣ набуд ва ӯро ба Маркази муҳоҷирон дар Сахарова фиристоданд. Тинчитик 17 рӯз дар он ҷо монд.
"Рейд ин бор хеле сахт буд. Одамонро аз рӯйи аксҳояшон ҷустуҷӯ мекарданд. Пулис аз таҷҳизоти навтарин, аз ҷумла аз дурбинҳои назоратӣ дар метро, хиёбон ва мағозаҳо истифода мекард. Хона ба хона мегаштанд. Қирғизҳои зиёдеро боздошт карданд. Дар ҳуҷрае, ки мо нигаҳдорӣ мешудем, як узбек ҳам буд. Ӯ нақл кард, ки милисаҳо ба хонааш рафта то дер телефон ва суратҳои дохили онро тафтишу тамошо кардаанд,” – нақл кард, Тинчитик.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тинчитик бо чашмони худ дид, ки муҳоҷирон ҳафтаву рӯзҳо дар чӣ шароите нигаҳдорӣ мешаванду муносибат бо онҳо чӣ гуна аст.
“Бо муҳоҷирон мисли одам муносибат намекунанд. Агар бемор шавӣ ва дору пурсӣ, намедиҳнд. Таҳқиру латукӯб мекунанд. Баъди аз он ҷо омадан ман бо як марде сӯҳбати видеоӣ доштам. Ӯ гуфт, қабурғааш шикастааст. Ӯ инро баъди ташхис фаҳмидааст. Ҷавонеро, ки ҳамроҳ бо мо дар як ҷо буд, хеле сахт заданд. Вай нақл кард, ки якбора 4 нафар бо элетрошокер омада, ӯро латукӯб карданд. Он ҷо агар як нафар эътроз кунад, 40 - 50 нафарро мезаданд.”
Ба нақли ин муҳоҷири қирғиз, дар маркази муҳоҷират, эълонҳои рафтан ба ҷанг овехта, ба муҳоҷирон бар ивази ҷанг мукофоти пулӣ ва пешниҳоди шаҳрвандии Русияро мекунанд.
“Ман ин варақаҳоро ҳатто хондан намехостам, аммо ба ҳар ҳол дидани он одамро ба фикр водор мекунад. Ҳафтаи гузашта ошкоро варақаеро овезон карданд, ки дар он ваъда шудааст, агар 6 моҳ ба ҷанг равӣ 1 миллиону дусад ҳазор рубл мегирӣ. Он ҷо ошкор рақамҳои телефон ҳам навишта шуда буд,”-нақл кард ин муҳоҷири қирғиз.
Ин эълонҳо бетаъсир намондаанд ва ба гуфтаи Тинчитик бархе аз муҳоҷирони узбеку қирғиз ва тоҷик бо Вазорати мудофиа қарордод баста, аз боздоштгоҳ рост ба майдони ҷанг рафтаанд. Ҳадафи аслии онҳо ба даст овардани пули зиёд ва баргардонидани қарзҳояшон буд.
“Дар як ҳуҷраи боздоштгоҳ бо ман узбекҳо буданд, Як қирғиз ҳам бо онҳо буд. Ӯ гуфт, ки аз як ширкати карздиҳӣ 30 ҳазор рубл қарздор аст ва агар қарордодро имзо кунад метавонад қарзашро баргардонад. Бачаҳо хостанд ӯро аз роҳаш гардонданд, гӯш накард. Мо ба ӯ гуфтем, саросема нашав, барои онҳо фарқе надорад, агар имзо кунӣ, зуд туро мебаранд."
Тинчитик шод аст, ки нарафт ва ба ин ваъдаҳо дода нашуд. Ӯ тамоми ин солҳо дар Русия барои пешбурди зиндагии хонавода кор мекард, ҳоло талош дорад зиндгияшро дар Қирғизистон бисозад.
Ҷалби иҷбории муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанг борҳо садо додааст. Ҳукуматҳои чанд кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳрвандонашон дар Русия ҳушдор доданд, ки дар сурати ба ҷанги зидди Украина рафтан барои зархаридӣ зиндонӣ мешаванд.
Русия, ки моҳи феврали соли 2021 ба Украина ҳамла кард, талафоти зиёд додааст. Бештар аз 100 ҳазор сарбозу афсари Русия дар ин ҷанг куштаву захмӣ шудаанд. Ҳоло зоҳиран ин кишвар талош дорад, бо ҳар роҳе сафи артишро пур кунад.