Қарори бастани Радиои Озодӣ дар Қирғизистон бекор шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи шаҳри Бишкек созиши оштиро миёни "Азаттик Медиа" – бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва Вазорати фарҳанги Қирғизистон қабул кард. Бар асоси қароре, ки рӯзи 12-уми июл эълон шуд, даъвои додгоҳӣ бас шуда, сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ дубора дастрас мегарданд.