Пайвандонаш мегӯянд, Саидумар Саидов, хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов, фаъоли ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба шаш соли зиндон маҳкум шудааст. Дар Додгоҳи вилояти Хатлон баррасии парвандаи Саидов бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъро тасдиқ, аммо аз содир шудани ҳукм бехабарӣ карданд.
Шамсиддин Саидов, фаъоли Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати Исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми ҷиянаш рӯзи 11-уми июл содир шудааст.
Ба гуфтаи Саидов, хешованди ӯ “барои як коммент зери мақолае дар бораи тағояш Абдуллоҳ бо тундгароӣ айбдор шудааст. Саидумар навиштааст, "худоё тағоии маро, яъне Абдуллоро аз тӯҳмати беасос ҳифз кун. Дар мурофиа модар ва ҳамсараш ширкат кардаанд ва интизор надоштаанд ки барои як комент ӯро шаш сол зиндонӣ мекунанд.”
Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯ ва писари Шамсиддин Саидов моҳи январи имсол аз Олмон ронда ва, ба қавли пайвандонаш, дар Тоҷикистон "боздошту зиндонӣ шуд".
Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани назари Додгоҳи вилояти Хатлон бенатиҷа буд. Як масъули ин додгоҳ тасдиқ кард, ки парвандаи Саидумар Саидов бар асоси моддаи 307 иловаи қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ ё узвият дар созмонҳои мамнуъ, дар ин додгоҳ баррасӣ шуд. Аммо ҳамсуҳбати мо гуфт, дар бораи содир шудани ҳукм хабар надорад. Додраси парванда ба зангҳои батакрори мо посух надод.
Дар ҳоле, ки мақомот аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд, пайвандонаш мегӯянд, Саидумар Саидов давоми се моҳи боздошт вакили дифоъ надошт. Наздиконаш гуфтанд, “шикоят аз болои ҳукми додгоҳро беҳуда аст.”
Саидумар Саидови 31-сола моҳи апрели имсол дар ноҳияи Кушониён боздошт шуд.
Солҳои ахир чандин нафар аз хешовандони мухолифини ҳукумат дар дохили кишвар боздошту зиндонӣ шуданд. Аз ҷумла моҳи апрели имсол мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Фархор Самариддин Қурбонов, бародари Илҳомҷон Қурбонов, як фаъоли маданиро ба гумони "гирифтани пул аз шахсони таҳти пайгард" боздошт кардаанд. Соли гузашта панҷ хешованди наздики Саид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва раиси Кумисюни оштии миллии собиқ ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои ин кор танқид карда, талаб карданд, ки пайвандони мухолифинро ҳамчун абзори фишор истифода набарад.