Мақомоти Узбекистон ният дорад баъди тақрибан сад сол, мақбараи Асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомониро бозсозӣ намояд. Кормандони марказҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мегӯянд баъди нав шудани Президент дар соли 2016 андаке намуди зоҳирии онро рангу бор карданд, ҳамакнун бозсозии куллӣ дар назар гирифта шудааст. Вале таърихшиносони минтақа мегӯянд, ин мақбара яке мӯъҷизаҳои ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва сохти аслиаш бояд нигаҳ дошта шавад.
Мақбараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Асосгузори давлати Сомониён бо гузашти беш аз ҳазор сол низ дар шаҳри Бухорои Узбекистон пойбарҷост. Гуфта мешавад, ки дар ин мақбара падар ва писари шоҳ низ дафн гардидаанд. Нигаҳбонон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ҳамарӯза садҳо гардишгар ба тамошои ин мақбара меоянд ва ба сулолаи Сомониён дуо мефиристанд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Отабек Абдуллоев, роҳнамои як ширкати сайёҳӣ мегӯяд, мақбараи Сомонӣ “шоҳкории меъмории ҷаҳонӣ аст”, ки аз тамоми ҷаҳон барои диданаш ба Бухоро меоянд.
“Ин мақбара аз давраи Сомониён то ҳоло ёдгории тиллоӣ дониста мешавад. На танҳо шаҳри мо, балки тамоми Узбекистон аст. Барои он, ки дар ин шаҳр фарҳангу маданияти ҳазорсолаҳо ҳифз гаштааст ва омӯзонида мешавад. Аз дигар ҷиҳат ин мақбара яке аз ҳашт мӯъзиҷаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст”.
Намояндагон мақомоти маҳаллӣ ва дӯстдорони ёдгориҳои таърихӣ мегӯянд, баъди ба сари ҳокимият омадани Шавкат Мирзиёев таваҷҷӯҳ ба ин мақбара ва боғи ба номи Исмоили Сомонӣ зиёд гардид. Аз ин сабаб ҳукумати шаҳри Бухоро нақшаи бозсозии онро ба даст гирифтааст.
Фарида, нигаҳбони мақбараи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ин макони таърихӣ бори ахир солҳои 1937-1939 таъмир шудааст.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, “дигар бозсозии ҷиддӣ дар ин мавзеъ гузаронида нашудааст. Ба мо мегӯянд, ки бояд рӯзҳои наздик таъмири куллӣ гардад. Зеро хиштҳои мақбара бо таъсири намак хароб шуда истодааст”.
Дар Бухоро бештар аз 800 ёдгории таърихиву бостонӣ қарор дорад ва мақомоти Узбекистон аз нисф зиёди онро бозсозӣ доранд. Вале таърихшиносон мегӯянд, мақбараи Исмоили Сомонӣ бо гузашти беш аз ҳазор сол бо рамзу розҳояш аз нигоҳи меъморӣ беҳамтост ва бояд намуди аслиаш ҳифз гардад.
Раҳмат Ғаниев, таърихшиноси тоҷики муқими Бухоро ба Радиои Озодӣ гуфт, дар вақти бозсозӣ бояд бо олимон машварат шавад, то “роҳҳои ба ояндагон чӣ гуна намоди қадимиашро расондан” пайдо кунанд.
Таваккал Чориев, вакили порлумони Узбекистон ва олими забоншинос ҳам гуфт, ҳукумат барои таъмири мақбараи Исмоили Сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Аммо Чориев нагуфт, ки чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст ва таъмири мақбара кай оғоз мешавад.
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон Шоҳ Исмоили Сомонӣ -Асосгузори Давлати тоҷикон эълон гардид ва акси мақбараашро дар пули миллӣ низ ҷой доданд. Дар шаҳри Душанбе ва тақрибан ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пайкара ва боғҳои Исмоили Сомонӣ низ бунёд гардид.
Шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд таърихан аз минтақаҳои аслии тоҷикнишин шинохта мешаванд. Сокинони Бухоро мегӯянд, бо кушодани шудани марзҳо бо ҳамзабонони худ наздиктар шудаанд. Ҳоло онҳо дар руҳияи ҳамҷавориву дӯстӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон умр ба сар мебаранд ва ба мустаҳкам шудани робитаҳо умед доранд.
Бино бар омори расмӣ дар навоҳии вилояти Бухоро бештар аз 30 ҳазор тоҷикон ба қайд гирифта шудаанд. Аммо ин рақам ҳамеша зери суол бурда мешавад ва умедворие ҳаст, ки рӯзе омори воқеӣ маълум хоҳад гашт.