Қурби рубл дар Тоҷикистон боз паст шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рубли русӣ дар Тоҷикистон дар се ҳафтаи ахир рӯ ба уфт аст. Агар дар аввалҳои июн ҳазор рубл баробар бо 125 сомонӣ буд, акнун ин маблағ дар бонкҳои тиҷорӣ 115 сомонист. Коҳиши тавоноии рубл қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст, чунки рӯзгори онҳо ба пули муҳоҷирон бастагӣ дорад.