Сафари Байден ба Бритониё ва интиқодҳо аз ИМА барои додани бомбаҳои хӯшаӣ ба Украина

Президенти Амрико Ҷо Байден бо нахуствазири Бритониё Риши Сунак.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико шаби гузашта пеш аз ҳузур дар нишасти сарони НАТО дар Литва, вориди Лондон шуд. Тибқи гузоришҳо, ҷанги Украина мавзуи аслии гуфтугӯи Ҷо Байден бо мақомҳои бритониёӣ хоҳад буд.

Қарор аст раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе бо Риши Сунак, нахуствазири Бритониё ва сипас бо Подшоҳ Чарлз дидор кунад. Амрико ва Бритониё ду муттаҳиди аслии Киев дар рӯёрӯии Украина бо ҳамлаи низомии Русия ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ҷо Байден рӯзи душанбе ба Литва меравад ва рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе бо раҳбарони НАТО музокира хоҳад кард.

Тибқи ин гузориш, Ҷо Байден ва муттаҳидони Украина ният доранд бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар бораи чигунагии узвияти ин кишвар дар паймони НАТО гуфтугӯ кунанд.

Тайи рӯзҳои ахир тасмими Амрико дар бораи додани бомбаҳои хӯшаӣ ба Украина, ба вокунишҳои Бритониё, Испания ва Канада рӯбарӯ шуд.

Ҳукумати Украина ҳам эълон кард, аз бомбаҳои хӯшаӣ барои озодсозии кишвараш истифода мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки Испания, Бритониё ва Канада ба додани ин навъ бомбаҳо ба Киев, мухолифат кардаанд.

Вазири дифои Испания рӯзи шанбе дар Мадрид ба хабарнигорон гуфт, "Испания бо вуҷуди ҳимояти худ аз Украина, ҳамчунин ба таври қотеъ ӯҳдадор аст, ки бархе силоҳҳо ва бомбаҳо таҳти ҳеҷ шароите набояд ба тарафи дигар дода шаванд".

Испания яке аз имзокунандагони Конвенсия дар соли 2008 дар Осло аст, ки истифода, тавлид, анбор ва интиқоли бомбаҳои хӯшаиро манъ мекунад.

Ин конвенсия таъкид мекунад, ки ин навъ аслиҳа, ғайринизомиён, аз ҷумла занон ва кӯдаконро мекушад ва маъюб мекунад, монеи рушд ва бозсозии пас аз ҷанг мешавад ва бозгашти паноҳҷӯён ва афроди овора ба минтақаи ҷангиро ба муддати чандин сол ба ақиб меандозад.

Риши Сунак, нахуствазири Бритониё таъкид кард, ки ин кишвар яке аз имзокунандагони ин конвенсия аст. Ӯ бо ин ҳол рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, "мо ба талошҳои худ барои ҳимоят аз Украина дар баробари ҳамлаи ғайриқонунӣ ва бедалели Русия идома медиҳем".