Вазири умури дохилии Олмон гуфт, бо боздошти 7 нафар аз ҷумла 5 тоҷик, аз як ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ карданд. Ненсӣ Фейсер дар ин бора рӯзи 6-уми июл ва баъди он суҳбат кард, ки додситонии олмон гуфт, як ҳалқаи террористӣ мехост ният дошт дар Олмон ҳамлаи мудҳише анҷом диҳад
Дар наворе, ки расонаҳои Олмон аз вилояти Райн Вестфалияи Шимолӣ нашр карданд, яке аз онҳое дида мешавад, ки ба дасти маъмурони амниятӣ дастгир шудаанд. Дар умум 7 нафар, аз ҷумла 5 зодаи Тоҷикистон ва як туркману як қирғиз дастгир шудаанд.
Ненсӣ Фейсер, вазири умури дохилии Олмон гуфт, "бо боздошти 7 нафар, мақомоти амниятӣ тавонистанд ба терроризми исломӣ зарбаи сахте бизананд. Ман ба мақомоте, ки ин корро карданд, сипос мегӯям. Вазорати мо, Пулиси Федеролии Олмон, хадамоти иттилооти дохилӣ дар ин боздошт саҳм доштанд."
Ба гуфтаи додситонии Олмон, гуруҳи зодагони Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2022 як “ҳалқаи террористӣ” ташкил додаанд, ҳадафи ҳамла меҷустанду дар пайи хариди аслиҳа будаанд. Аммо нақшаи хоси ҳамла надоштаанд. Ба ғайр аз шаҳрванди Қирғизистон бақия аз моҳи апрели соли 2022 барои гуруҳи Давлати Исломӣ пул ҷамъ карда ба аъзои он дар хориҷ фиристодаанд. Ба қавли мақомоти Олмон, ифшо шудани гуруҳ баёнгари боқӣ мондани хатари гуруҳи давлати исломист.
"Онгуна ки боздошти имрӯз нишон дод, таҳдиди терроризми исломӣ ҳамчунон зиёд аст. Боздошти имрӯза гувоҳӣ аз омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ва сармоягузории терроризм аст. Ҳадафи мо маҳрум кардани созмонҳои террористӣ аз сармоя аст."
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситонии Олмон аз панҷ тоҷики боздоштшуда дар ин кишвар, Муҳаммадшуҷоъ, Нуриддин, Шамшод, Саид, Раббонӣ, ном бурдааст. Додситонии Олмон гуфтааст, гумонбаршудаҳо ба эҳтимоли зиёд баъди ҳамлаи Русия ба хоки Украина вориди Олмон шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон боздошти чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Аврупоро тасдиқ карда гуфта, бо мақомоти Олмон ҳамкорӣ доранд. Масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ дар суҳбат ба расонаҳои русӣ гуфтаанд, сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дар ин бора гуфтугӯ доранд. Манбаъ гуфтааст, маълумоти тасдиқкунандаро ба ҷониби Олмон дода, дархости вохӯрии консул бо боздоштшудаҳоро кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки Олмон ба ин вохӯрӣ иҷозат медиҳад ё не. Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, шаҳрванди кишвар дар сурати боздошт шудан дар хориҷи кишвар бояд вохӯрӣ бо консулро талаб кунад.
Дар гузашта чанд шаҳрванди дигари кишвар дар Олмон бо иттиҳоми терроризм боздошт ва зиндонӣ ҳам шудаанд.