Мақомоти қудратии Олмон ва Ҳолланд нуҳ зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд, ки шаш нафари онҳо аз Тоҷикистон будаанд. Додситонии Олмон дар изҳороте гуфт, боздоштшудагон ба таъсиси гуруҳи террористӣ ва дастгирии гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам мешаванд.
Додситонии Олмон рӯзи панҷшанбе гуфт, ҳафт мард дар иёлати ғарбии Райн-Вестфалени шимолӣ боздошт шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, аз миёни онҳо як нафар аз Туркманистон, як нафар аз Қирғизистон ва панҷ каси дигар аз Тоҷикистон ҳастанд. Додситонии Олмон аз панҷ тоҷики боздоштшуда дар ин кишвар, Муҳаммадшуҷоъ А, Нуриддин К, Шамшод Н, Саид С ва Раббонӣ З ном бурдааст. Додситонии Олмон гуфтааст, гумонбаршудаҳо ба эҳтимоли зиёд баъди ҳамлаи Русия ба хоки Украина вориди Олмон шудаанд.
"Ба гуфтаи додситонҳо, ҳадафи гумонбарон анҷом додани "ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ дар Олмон" буд ва онҳо аллакай ҳадафҳоро муайян карда, дар талош буданд, ки силоҳ ба даст оранд. Шаш нафари онҳо аз моҳи апрели соли 2022 барои гуруҳи “Давлати исломӣ” маблағ ҷамъ карда, чанд маротиба ба гуруҳҳои террористӣ маблағ фиристодаанд,"-гуфтааст додситонии Олмон.
Суҳбатро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 6-уми июл мақомоти Ҳолланд ҳам аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми терроризм хабар доданд. Онҳо марди 29-сола аз Тоҷикистон ва ҳамсараш зани 31-сола аз Қирғизистон мебошанд. Додситонии Ҳолланд гуфтааст, ин ду нафар бо чанд нафар дар Олмон дар тамос буданд. Ин марди тоҷик ба узвият дар созмони “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд, вале додситонии Ҳолланд гуфтааст, "нақшаҳои ӯ ҳанӯз мушаххас набуд." Гуфта мешавад, ин мард узви гуруҳе буд, ки дар Олмон боздошт шуданд.
"Ин ду нафар аз соли 2022 дар Ҳолланд зиндагӣ мекарданд ва барои омодагӣ ба амалиёти террористӣ гумонбар мешаванд. Ин мард ҳамчунин ба узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" гумонбар дониста мешавад,"-гуфтааст додситонии Ҳолланд.
Ҳуввияти шахсони боздоштшуда дар Ҳолланд ошкор нашудааст.
Ин бори аввал нест, ки зодагони Тоҷикистон дар Аврупо бахусус дар Олмон бо иттиҳоми терроризм боздошт мешаванд. Моҳи марти имсол як зодаи Тоҷикистон дар Олмон ба кумак ба аъзои созмони террористии "Давлати исломӣ" муттаҳам шуд.
Соли гузашта Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба зиндон маҳкум карданд. Онҳо аз се солу ҳашт моҳ то нӯҳуним сол зиндонӣ шуданд, ҳарчанд падари яке аз онҳо гуфта буд, писараш тиҷорат дошту аз Олмон ба Душанбе қисмҳои эҳтиётии мошин мефиристод.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 беш аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ва бахусус ДОИШ пайвастаанд.
Дар ин миён садҳо нафар куштаву захмӣ шуда, теъдодеро ҳам ба Тоҷикистон баргардонданд.