Боздошти як гурӯҳ аз сокинони шаҳри Истаравшан ҷанҷолбарангез шуд. Мақомот онҳоро ба гумони латукӯби маъмурони милиса ба ҷавобгарӣ кашиданд. Як хонавода дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан, баръакс, иддао дорад, ки чанд маъмури милиса духтари ноболиғи онҳоро маҷбурӣ ба мошин бор карда, "пешниҳодҳои гуногун додаанд", вале мақомот ба ҷойи муҳокимаи онҳо, амаки духтар ва чанд сокини деҳаро бо худ бурданд.
Ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакати Истаравшан бо маъмурони милиса охири моҳи майи имсол рӯй дода, навори ҷанҷол нав расонаӣ шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориш гуфт, ки сокинон ба кори милисаҳо монеъ шудаанд, вале сокинон иддаои дигар пеш меоранд.
Сокинон мегӯянд, рӯзи 31-уми майи имсол дар дукилометрии деҳаи Лакат як мошини сиёҳшишаро диданд, ки аз дарунаш садои имдодталабии духтар меомад. Ба нақли онҳо, ҳамдигарро хабардор карданду ба назди мошин рафтанд ва ронандаву ҳамроҳонашро, ки маъмурони милиса буданд, ба кушодани дар маҷбур намуданд. Ва ончи диданд, сабаби ҷанҷол шуд.
Руқия Ниёзқулова, сокини шаҳри Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфт, "се милиса духтарамро бо мошин бурдаанд. Духтарам гуфтааст, аз мошин мефароям. Гиря кардааст, вале нафароварда ба дашту саҳро бурдаанд. Ҷое, ки ҳеч кас нест. Духтарам ба кор меравам, маро сар диҳед гуфтааст. Онҳо дар ҷавоб гуфтаанд, мо пули коратро медиҳем, бо мо рав!"
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯянд, гурӯҳе аз сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшансе маъмури милисаро зада, “монеи фаъолияти хидматии онҳо шудаанд”.
Ин ниҳод рӯзи 2-юми июл бо нашри гузориши расмӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 31-уми май ва замоне рух дод, ки кормандони Шуъбаи корҳои дохилии Истаравшан пайи таҳқиқи як хабари фаврӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи Лакат буданд. Дар гузориш дақиқ нагуфтанд, ки баҳсу ҷанҷоли сокинон бо маъмурони милиса бар чӣ сар зад ва кормандони интизомӣ дар ин деҳа чиро таҳқиқ мекарданд.
Духтаре, ки ба гуфтаи сокинон ба мошин савор карданаш боиси ҷанҷол шуд, розӣ шуд бо ризояти волидонаш ҳодисаро нақл кунад. Ин духтари ноболиғ, ки Радиои Озодӣ наметавонад номашро зикр кунад гуфт:
"Милиса омад, ба паҳлӯям нишаст. Гуфт, агар ҳамин корамон шавад, ман ба ту Айфон 14 промакс харида медиҳам. Ту шиноснома надоштаӣ, шиносномаатро ҳал карда медиҳам. Миёнамро қапида ин гапҳоро гуфт. Ман дар ин ҳолат гиря карда, фарёд задам, ки ҳамдеҳаҳо аз берун шунидаанд. Баъд ҳамаро ҷеғ заданд. Ҳама ҷамъ шуд. Мудири мактаб ва Ҷамолиддин-амакам низ омаданду ин ҳолат рух дод.”
Дар ҳоле ки нақлҳо гуногунанд ва ҳарду тараф ба ҳақ будану ҷабрдида будани худ пойфишорӣ доранд, нисбат ба 9 нафар бар асоси авбошӣ ва истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ ва алайҳи 18 кас ба иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ҷамолидин Раҳматов, амаки духтари ноболиғе, ки сабаби ҷанҷол шудааст, низ дар боздошт аст.
Ҳакимҷон Раҳматов, падари Ҷамолиддин Раҳматов бо норозигӣ мегӯяд, "хонандаи синфи 9-умро гирифта баранд майлаш, вале амакаш рафта онҳоро ҷудо кунад, гунаҳкор? Бачаи маро бурда, ту милисаро задӣ гуфта, латукӯб карданду ба ҳабс гирифта монданд. Инҷо асосан кӣ гунаҳкор аст? Амаки духтари ноболиғ ё милиса? Ба кӣ бовар кунем?!”
Дар байни боздоштшудаҳо мудири як мактаби миёнаи шаҳри Истаравшан ҳам будааст. Мақомот ӯро ба ёрӣ додан ба ҳамдеҳагон муттаҳам кардаанд. Пайвандони мудири мактаб дар суҳбати ҳузурӣ иттиҳомро тасдиқ карданд, аммо розӣ нашуданд, ки дар видео гап зананд.
Ҳоло хонаводаи Раҳматовҳо ба иттиҳоми дастдарозӣ ба духтари ноболиғашон алайҳи се корманди милисаи шаҳри Истаравшан ба мақомот муроҷиат кардаанд. Дар аризаи модари ноболиғ, исми кормандони пулис Иргашзод Ю, Субҳонзода К. ва Рустамзода Ф. ҳамчун айбдоршаванда навишта шудааст.
Боздошти гурӯҳии сокинони Истаравшан барои ҷанҷол бо милисаҳо дар ҳолест, ки шикояту норозигӣ аз рафтор ва бархӯрди маъмурони милиса дар Тоҷикистон кам нест. Баъзе аз сокинон бар инанд, ки кормандони милиса фақат аз мардум риояти қонуну қоидаҳоро талаб мекунанд, аммо худсарӣ дар байни худи онҳо низ афзудааст.