Ошӯби нофарҷоми Евгений Пригожин, раҳбари ширкати муздури "Вагнер" ва ба Белорус рафтани ӯ, кишварҳои соҳили Балтикро ба ташвиш андохтааст, ки мабодо қотилонашро ба ин кишварҳо нафиристад. Барои ҳамин интизор меравад, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО, ки қарор аст, охири моҳи июл сурат бигирад, ба ғайр аз масъалаи Украина, ҳаракатҳои "Вагнер" ҳам баррасӣ шавад.
Маълум нест, ки чӣ қадар аз ҷанговарони зархариди "Вагнер" ба раҳбарашон Евгений Пригожин дар Беларус мепайванданд. Аммо худи андешаи таъсиси урдугоҳ барои онҳо дар фосилаи чандсоатӣ аз кишварҳои соҳили Балтик, ба тори асаби раҳбарони ин кишварҳо нохун мезанад.
Гитанас Наусед, раиси ҷумҳури Литва мегӯяд, "агар "Вагнер" қотилони касбии худро ба Беларус фиристад, хатари бесуботӣ дар тамоми кишварҳои ҳамсоя бузургтар мешавад. Дар чунин шароит боздорандагӣ ва муҳофизат авлавияти аслӣ бошад бошад."
Вилнюс, пойтахти Литва, ки моҳи июл, нишасти НАТО -ро мизбонӣ мекунад, аз пойгоҳи нави Пригожин фақат 35 километр фосила дорад. Барои ҳамин Литва хостааст посбонии марзҳояш мустаҳам карда шавад. Олмон гуфт, ки 4 ҳазор сарбозро ба Литва мефиристанд ва онҷо мемонанд.
Акси моҳвораӣ пайдо шудани зиёда аз 300 хаймаро дар шарқи Беларус, дар наздикии деҳаи Тсел, нишон медиҳад. Ҷое, ки ба тахмини бахши беларусии Радиои Озодӣ, тақрибан 15 ҳазор нерӯ мебарад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ки аз кӯмакрасонҳои асосии Украина дар ҷанг зидди таҷовузи Русия мебошад гуфт, "Путин ҷангро мебозад ва дар саросари ҷаҳон манфур шудааст."
Ҷо Байден гуфт, баъди ошӯби Пригожин, Владимир Путин заиф шудааст ва аз ин рӯ хатар аз Русияву Белорус масъалаи муҳими баҳс дар Вилнюс мешавад.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз як сӯ кишварҳои ғарбӣ ба шикасти Русия дар Украина таъкид мекунанд, вале аз сӯи дигар ин нигаронӣ аз бесуботи дар дохили Русия ҳам зиёд аст.
Кристина Берзина, таҳлилгари Бунёди Маршал мегӯяд, "агар Русия бесубот шавад, бо аслиҳаи атомии он чӣ хоҳад шуд? Чӣ мешавад, агар касе ҷангҷӯтар аз Путин ба қудрат биёяду, камтар қобили пешбинӣ бошад. Ба ин суолҳо худи НАТО бояд посух бигӯяд."
Зархаридони “Вагнер”, ки дар ҷанги Русия дар Украина муҳим ба шумор мерафтанд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд.
Евгений Пригожин, мудири ширкати "Вагнер", гуфт, ҳадафи онҳо барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.
Ӯ дертар бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт. Минск ба ҷангҷӯёни “Вагнер” ҳам паноҳгоҳ пешниҳод кардааст.
Владимир Зеленский, президенти Украина, баъд аз машварат бо мақомоти амниятӣ рӯзи 30-юми июн дастур дод, ки назоратро дар сарҳад бо Беларус тақвият бахшанд.