"Ин донишҷӯро хориҷ кунед, мо ӯро ба артиш мебарем".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тағйири қонуни хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ғайриинтизор барои донишгоҳҳои кишвар дарди сар офаридааст. Баъди ислоҳи қонун дар бораи даъват ба артишу дигар неруҳои мусаллаҳ якбора шумораи донишҷӯёне кам шуд, ки тариқи шартномавӣ таҳсил мекарданд ва пули омӯзгоронро ҳам мепардохтанд.