Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзоиши зиёрати Ҳаҷ аз тарафи сокинонро танқид карда, онро худнамоӣ ва зиёдаравӣ номидааст. Айни ҳамин танқид як моҳ пеш аз забони як масъули Кумитаи дин ҳам садо дода буд. Аммо сокинон ба ҳаҷ рафтанро фарз медонанд ва аксари мусалмонон талош мекунанд, то ин фаризаи диниро ба ҷо оранд.
Эмомалӣ Раҳмон шоми 27-уми июн дар паёми табрикиаш ба муносибати Иди Қурбон аз он нигаронӣ кард, ки бархе сокинон "зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил дода, чандин маротиба ба ҳаҷ, аз ҷумла ба ҳаҷҷи умра рафта истодаанд."
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, зиёрати батакрори Ҳаҷҷ дар ҳолест, ки ҳамин зойирону оилаҳояшон шароити дурусте барои зиндагии осоиштаву муносиб ва бе камбудӣ надоранд.
Изҳори назари оқои Раҳмон дар ҳолест, ки Хадамоти матбуоташ дар аввали моҳи июн ҳангоми ифтитоҳи масҷиди калонтарини Тоҷикистон гуфта буд, раиси ҷумҳур то кунун чор дафъа зиёрати ҳаҷ карда, ду маротиба дохили хонаи Каъба шудааст.
Танқиди мақомдорони тоҷик аз таваҷҷуҳи зиёди мардум ба ҳаҷ бори аввал нест, ки садо медиҳад. Моҳи майи имсол як масъули Кумитаи дини Тоҷикистон ҳам аз суистифодаи унвони “ҳоҷӣ” ва, ба гуфтааш, “тақлиду таассуби сокинон дар иҷрои маросими ҳаҷ” нигаронӣ карда буд.
Абдуғаффор Юсуфов, сардори шуъбаи равобити байнулмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, дар мақолае дар маҷаллаи расмии “Дин ва ҷомеа” навишт, бархе сокинон бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ҳаҷ бираванду “ҳоҷӣ” ва бологузар шаванд.
Ба иттилои Кумитаи дин, то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор нафар зиёрати ҳаҷ кардаанд.
Мақомдорони тоҷик аз ҷумла раиси ҷумҳур аз сокинон даъват мекунанд, ки маблағи сафари ҳаҷ аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" аз ҷумла сохтмони пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.
Ҳукумати Тоҷикистонро солҳои ахир барои дахолат зиндагии хусусии мардум ва зери по кардани ҳуқуқи мазҳабии онҳо танқид мекунанд.
Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Маблағи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз гаронтаринҳост. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, барои ҳоҷиён шароити хубро фароҳам мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Иштироки қариб 2 милион зоир дар маросими ҳаҷҷи фарзӣ"Пулро додем, сафар кай?" Таҷаммӯи даҳҳо зоири тоҷик дар назди Кумитаи дин. АКС, ВИДЕОМарги як шаҳрванди Тоҷикистон дар Арабистони СаудӣБеш аз 200 ҳазор сокини Тоҷикистон "ҳоҷӣ" шудаанд. Танқид аз ҳаҷҷи такрории тоҷикон59 ҳазор сомонӣ. Кумитаи дин нархи сафари ҳаҷро эълон кард