Дар Тоҷикистон рӯзи 28-уми июн Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмононро таҷлил карданд, вале баҳси идгардаки кӯдакон ва дасторхони мардум имсол ҳам идома ёфт.
Идгардаки кӯдакон бошад ё набошад?
Руҳониён дар суҳбати пеш аз намоз, мисли солҳои гузашта аз мардум даъват карданд, ки дар таҷлили Иди Қурбон исрофкорӣ накунанд.
Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода, сархатиби масҷиди ба номи Имоми Аъзам, калонтарини масҷиди Тоҷикистон дар назди намозгузорон аз идгардаки кӯдакон интиқод кард ва гуфт, дар ҳеч кишвари дигари исломӣ "кӯдакон аз саҳар то бегоҳ идгардакӣ намекунанд."
Ин рӯҳонии тоҷик ҳамчунин гуфт, идгардак дар зеҳни насли наврас "таъсири талбидан ва дур шудан аз меҳнати ҳалол"-ро ба миён меорад. Назаре, ки бархе дар ҷомеа ба он розӣ нестанд ва мегӯянд, ид як фурсате барои хурсандии кӯдакону наврасон аст ва набояд онҳоро аз шодӣ маҳрум кард.
Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода дар шарҳи суҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафашон манъ кардани хурсандии кӯдакон нест. "Мо мехоҳем падару модар фарзандони худро гирифта, ба хонаи хешовандон барои табрики ид раванд. Солҳои гузашта чандин ҳодисаҳое буд, ки дар рӯзи ид кӯдаконро мошин пахш кард."
Вале сарфи назар аз даъватҳои рӯҳониён, кӯчаҳои Душанбе ва бисёр минтақаҳои кишвар аз субҳи барвақт аз кӯдакону наврасон пур буд. Онҳо дар даст халта ба табрики мардум мерафтанд ва савғотӣ мегирифтанд.
Чандин корбари саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳарфҳои имомхатиби масҷиди Имоми Аъзамро дар бораи идгардак танқид карданд. Аксари онҳо навиштаанд, кӯдакону наврасон ҳастанд, ки идро зебо мекунанд.
Қиёмиддин Муҳиддинов, як корбари Фейсбук навиштааст, "идҳои мусалмони зеби кӯдакон дорад. Як хандаи тифлакон, як хурсандӣ ва хушҳолии онҳо беҳ аз миллионҳо сум боло аст."
Баҳси идгардак ҳамасола дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон доғ мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Барои дасторхон қарз намекунем"
Мавзӯи дигари имомхатибон дар суҳбати пеш аз намози ид оростани дасторхони идона буд. Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода, сархатиби масҷиди ба номи Имоми Аъзам аз он интиқод кард, ки мардум дар оростани дасторхони идона "зиёдаравӣ ва исрофкорӣ" мекунанд. Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳам дар суҳбат ба хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст, оростани дасторхони идона ва идгардак анъанаи исломӣ нест. Муфтии Тоҷикистон аз мардум хост "барои худ ҷабр накунад, ки ин суннати идро ба ҷо наовардам."
Мушоҳидаи мо дар чанд манзили сокинон нишон дод, ки ҳар оила вобаста ба тавонаш дасторхон оростааст. Аз ҷумла дар яке аз манзилҳои боҳашамат дар баробари шириниҳо, мурғ ва моҳӣ гузошта шуда буд. Вале дар дастархони оилаи дигар асосан дастпухти занон ва мева гузошта шудаанд.
Хисрав Азимов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, оростани дасторхони идона як суннати мардуми тоҷик аст.
"Дасторхон меороянд, ки меҳмонон омада ба хотири нону намако хонавода гирди он нишаста дуои хайру эҳсон кунанд. Чӣ имконияте буд ҳамон имкониятро истифода бурда дастархон оростем, қарз накардем,"-мегӯяд ин сокин.
Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.