Аз 1-уми августи соли 2023 боҷу андоз ва ҷаримаҳо дар Тоҷикистон бояд ғайринақдӣ пардохт шаванд. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми июн ҳамин гуна фармон имзо кард. Дар низоми ғайринақдӣ ҳаққи хидматрасонӣ бо истифода аз корти бонкӣ ё ҳамёни мобилӣ пардохт мешавад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд то якуми август корти бонкӣ бигиранд ё ҳамёни мобилӣ кушоянд. Дар акси ҳол наметавонанд андоз, боҷи давлатӣ, пули хадамоти коммуналӣ, хадамоти тиббӣ ва ҳатто ҷаримаро супоранд. Низоми пардохти ғайринақдӣ барои сокинони Тоҷикистон ношинос нест. Ҳоло ҳам бахше аз аҳолӣ аз он истифода мекунанд ё пардохти маошу нафақа бо ин роҳ расонда мешаванд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муаззама Иброҳимова чаҳор моҳ аст, талош мекунад пардохтҳоро ғайринақдӣ супорад. Мегӯяд ҳам вақташ сарфа мешавад ва ҳам аз фасод пешгирӣ мекунад. Ин сокини пойтахт дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба ин шакл пардохтани маблағ осонтар аст. Ба назоратчӣ пулро медодӣ нимашро намегузаронд, ё моҳи дигар ин нафар иваз мешуд ва боз медидӣ, ки туро қарздор бароварданд. Хадамоти коммуналӣ, обу барқ, ҳатто маблағи телевизионро ҳам аз ҳамин роҳ пардохт мекунем."
Бархе сокинон мегӯянд, барои ҷорӣ кардани низоми пардохти ғайринақдӣ аввал бояд шароит фароҳам оварда шавад. Давлатхуҷа Ҳусейнов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, бояд дар маҳаллаҳо терминал ва банкоматҳо гузошта шавад.
Дар фармони раиси ҷумҳур таъкид шудааст, ки ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллӣ ва ташкилотҳои молиявӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ то 1-уми август бояд шароити зарурӣ фароҳам кунанд.
Сироҷиддин Икромӣ, раҳбари бонки давлатии “Амонатбонк” моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, "бояд POS-терминалҳои худкор харидорӣ намоем, дар тамоми нуқтаҳои дурдасттарин хати интернет пайваст бошад. Мардум аз хона дур нарафта метавонанд тавассути телефонҳои мобилӣ пардохтҳоро анҷом диҳад."
Мансабдорони давлатӣ низ таъкид мекунанд, ки гузаштан ба низоми ғайринақдӣ ҷилави пардохтҳои ғайриқонунӣ, ҳолатҳои фасодро мегирад ва зарурати дар ҷайб нигоҳ доштани пули нақдро аз байн мебарад. Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дод, ки дар як соли гузашта 81 дарсади андозҳо ва пардохтҳо ба буҷаи давлат, ба шакли ғайринақдӣ пардохт шудааст.
Вале барои ҷорӣ кардани низоми нави пардохт дар идораҳои давлатӣ баъзе монеагиҳо ҷой дорад. Суръати пасти интернет ва нархи баланди он аз чунин монеагиҳо дар роҳи амалӣ шудани низоми нави пардохт гуфта мешавад. Сокинон ва ҳатто раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сифати интернет дар кишвар борҳо нигаронӣ кардаанд. Аммо бо вуҷуди дастури президент барои беҳтар кардани сифати интернет, корбарон мегӯянд вазъ чандон тағйир накард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳама гуфт, президент ҳам, вале суръати интернет боло нашуд. ВИДЕОКай суръати интернети Тоҷикистон беҳ мешавад?Дар порлумони Тоҷикистон суръати интернетро танқид кардандДар Тоҷикистон қонуне омода шуд, ки ба интернет рабт дорад