Евгений Пригожин, мудири ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер", ки ин шабу рӯз номаш дар сархати расонаҳои ҷаҳон аст, 62-сола ва зодаи шаҳри Санкт-Петербург аст. Дар навҷавонӣ ба сабаби дуздӣ ва қочоқ дастгиру муҳокима шуда.
Вай соли 1990, замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ зери раҳбарии Михаил Горбачев ислоҳоти маъруф ба "гласност" ва "престройка"-ро таҷриба мекард, аз зиндон баромад.
Пас аз раҳоӣ ҳамроҳи шавҳари дувуми модараш дӯкони ҳот-дог кушод ва вориди тиҷорат шуд. Худаш он давраро ҳамвора таҷрибае муваффақ номидааст.
Ба назар мерасад, нахустин тамос ва ошноии ӯ бо Владимир Путин дар солҳои 90-ум иттифоқ уфтодааст. Путин он замон фаъолияти сиёсиро дар дафтари шаҳрдории Санкт-Петербург оғоз намуда буд. Пештар дар идораҳои ҷосусии Иттиҳоди Шӯравӣ кор мекард.
Силсилаи тарабхонаҳои муҷаллале, ки дертар Евгений Пригожин дар Санкт-Петербург ба роҳ монд, ба маҳалле барои рафтуомади қудратмандону элитаҳои ин шаҳри бузург ва таъсиргузори Русия табдил шуд.
Ӯ кори бозаргониро бо ташкили маъракаҳои бузург ва таъмини мактабу бемористону зиндонҳо бо маводи хӯрокворӣ густариш дод ва ниҳоят ба Кремлин ҳам роҳ ёфт. Лақаби “ошпази Путин” ёдгори он даврон аст, дар ҳоле ки худаш ба тозагӣ гуфт, ҳаргиз ошпазӣ накардааст ва агар ба ӯ номи “қассоби Путин”-ро медоданд, дурусттар буд.
Бастану шикастани қарордод
Замоне ки раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба Кремлин даъват мешуданд, зиёфатҳои Кохи Сурх бар асоси қарордод бо ширкати Пригожин баргузор мешуд.
Тавофуқ бо Вазорати дифои Русия барои пешниҳоди хӯрок ва пазироӣ дар артиш, ки дар соли 2012 баста шуд, низ даромаде саршорро насиби ӯ кард. Замоне ки Сергей Шойгу, ёри вафодори Путин, ба мансаби вазири дифоъ расид, қарордоди фоидаовар ногаҳонӣ поён ёфт. Гуфта мешавад яке аз сабабҳои кинагирии Пригожин аз Шойгу ҳамин будааст.
Дақиқ нест, ки Евгений Пригожин кадом вақт ба арсаи ширкатҳои амниятӣ ва низомӣ ворид шуд. Баъзе аз нозирон эҳтимол ҷанги дохилии Сурияро сароғози ин тағйири масир барои Пригожин медонанд.
Бо ин ҳол, нахустин бор, замоне ки гуруҳи мавриди пуштибонии Русия дар шарқи Украина дар соли 2014 сар баровард, номи гуруҳи "Вагнер" ба унвони ширкати зархарид бо ҳадафҳои амниятӣ ва низомӣ ба гӯш расид. Пригожин танҳо ҳашт сол баъд, дар соли 2022, иқрор кард, ки ӯ танҳо яке аз сармоягузорони ширкати "Вагнер" нест, балки соҳиби он аст.
Дар як даҳаи охир номи зархаридони "Вагнер" на танҳо ба унвони гуруҳе ки сабаби ҷиноятҳои ҷангӣ шудааст, матраҳ буд, балки муздурони мусаллаҳи он дар набардҳои сарзаминҳои пуртаниш, аз Судон то Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, дахолат кардаанд. Бисёре аз дахолатҳои онҳо дар Африқо бо ҳадафи гирифтани фоида аз истихроҷи тилову маъданҳои дигар будааст.
Ду сол пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки дар натиҷаи он Доналд Трамп ба Кохи Сафед роҳ ёфт, Вазорати адлияи ИМА Евгений Пригожин ва 13 руси дигарро ба кӯшиши дахолат дар интихобот муттаҳам кард ва ҳукми ҳукми боздошти онҳоро баровард.
Вақте Киев таслим нашуд...
Замоне ки Владимир Путин фармони "амалиёти вижа"-ро алайҳи Украина баровард, Кремлин ва фармондеҳии низомии Русия бар ин бовар буданд, ки Киев зуд таслим хоҳад шуд. Чи гунае, ки Маскав ҳашт сол пеш ба осонӣ нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф кард. Аммо ҳадафҳои Русия ин бор иҷро нашуд ва баръакс сустии артиши ин кишвар падидор гардид.
Дар ҳамин вақт нерӯҳои “Вагнер” вориди корзор шуда, аввал дар муҳосираи Мариупол ва сипас дар ҷангҳои Лисичанск ва Бахмут ба нерӯи пештозу муваффақтар аз артиши Русия табдил шуданд.
Дар ҳоле ки Пригожин ва даҳҳо ҳазор нерӯяш дар ҷабҳа буданд, ба ҷалби бештари зархаридон рӯй оварданд. Ӯ барои ин ҳадаф зиндониёнро дар Русия моил кард, ки дар ивази афву раҳоӣ ба майдонҳои даргирӣ бираванд.
Ҳар қадаре ки иҷрои ҳадафҳои низомии Русия дар Украина тӯл кашид, Пригожин ба худ ҷуръат дод, ки танқид аз вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Русияро ба тавҳин бикашад. Ӯ аз ташвиқгарони Путин дар эъломи сафарбарӣ ё мобилизатсия ба артиш буд.
Дар шароите ки ҳазорон нерӯи худро дар канори даҳҳо ҳазор сарбоз дар Бахмут аз даст дод, садои эътироз ва интиқодаш аз фармондеҳони низомии Русия баландтар гардид ва иддао дошт, ки онҳо барқасдона ба ӯ силоҳу муҳиммот намерасонанд.
Пригожин дертар дар мусоҳиба бо саҳифаҳои тарафдори Кремлин дар Телеграм гуфт, нерӯҳои артиши Русия амдан дар роҳи ҷангҷӯёни ӯ мина гузошта буданд, то онҳоро бикушанд. Вай ҳамчунин борҳо ҳушдор дод, ки агар бори сангини ҳузур дар ҷабҳаҳои ҷанг танҳо бар дӯши сарбозон аз оилаҳои одӣ ва фақири Русия бошад, оқибати ин кишвар чизе ҷуз ҳодисаҳои монанд ба соли 1917 нахоҳад буд.
Ҳоло ки нерӯҳои мусаллаҳи “Вагнер” дар шаҳри ҷанубии Ростов мавзеъ гирифтаанду раиси ҷумҳурии Русия онро “шӯриши мусаллаҳона” номид, Евгений Пригожин, ёри вафодори пешин, ба бузургтарин мушкили ҳукумати 23-солаи Владимир Путин табдил шудааст.