Ҳар рӯз даҳҳо паноҳҷӯйи афғонистонӣ бо умеди расидан ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ таваасути роҳҳои пурхатар ба Сербистон ворид мешаванд. Хабарнигори телевизиони "Садои Амрико" дар Белград бо вазъи онҳо ошно шуд.
"Кӯҳу биёбон ва водиҳоро гузаштам"
Асадулло, хатмкардаи донишгоҳи Кобул, дар Афғонистон ҷойи кор наёфт ва ба хулосае омад, ки кишварашро тарк кунад. Ин тасмим ӯро ба Сербистон расонд. Вай ҳангоми наздик шудан ба урдугоҳи паноҳҷӯён бо "Садои Амрико" суҳбат кард.
"10-11 рӯз дар роҳ будам. Кӯҳу биёбон ва водиҳоро гузаштам, аммо то ҳанӯз мутмаин нестам, ки моро ба урдугоҳ роҳ дода, сабтином мекунанд," – гуфт ин муҳоҷири афғонистонӣ.
Асадулло нахост, ки номи хонаводагияшро фош кунем. Ӯ танҳо касе нест, ки дар назди урдугоҳи қабул ва интиқоли паноҳҷӯён дар Обреновас, воқеъ дар канори шаҳри Белград, пойтахти Сербистон, мунтазир мондааст.
Даҳҳо паноҳҷӯйи афғонистонӣ бо умеди сабти ном шудан ва расидан ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ҳар рӯз вориди Сербистон мешаванд. Шавкатулло мегӯяд, пеш аз расидан ба Сербистон ӯро борҳо аз Булғористон ба Туркия баргардондаанд.
Вай афзуд: "Моро чор бор ихроҷ карданд. Дар Булғористон дастгир намуданд. Сагҳояшонро маҷбур карданд, ки моро бигазанд. Моро заданд. Ғайр аз ин, ҳар чизе, ки доштем, гирифтанд. Мо дар роҳ ба Сербистон ба душвориҳои зиёд дучор шудем. Ҳоло дар Сербистон дар урдугоҳ ҳастем."
Паноҳҷӯён барои рафтан ба Аврупо роҳҳои хатарнокро интихоб карда, ба воситаи Эрон, Туркия ва Булғористон ба Сербистон расидаанд.
Муртазо Аҳмадӣ, паноҳҷӯйи афғонистонӣ, мегӯяд, ҳангоми сафараш бемору маҷруҳ шуд, вале аз азмаш нагашт. Ин муҳоҷири афғонистонӣ мегӯяд, “поям маҷруҳ аст. Ҳеч кас ба мо мадад намекунад. Намедонам, кӣ гунаҳкор аст: худи мо, Созмони Милали Муттаҳид ё Сербистон.”
Сербистон тӯли даҳсолаҳо ҳамчун долоне барои расидан ба Аврупои Ғарбӣ хидмат мекард. Ҳоло барои паноҳҷӯён аз Сербистон ба макони дигар рафтан душвор шудааст.
Тибқи гузориши оҷонси паноҳҷӯёни Созмони Милал, дар соли 2022 аз тақрибан 130 000 паноҳҷӯ, ки ба Сербистон омадаанд, 36 дарсади онҳоро афғонистониҳо ташкил медиҳанд. Паноҳҷӯёни суриягӣ, ки 29 дарсад будаанд, дар ҷои дувум ҳастанд.
Кӯчидани сокинони Афғонистон ба хориҷа пас аз он бештар шуд, ки гуруҳи тундрави “Толибон” соли 2021 қудратро дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба даст гирифт. Ҳоло дари мактабҳо ба рӯйи духтарон ва коргоҳҳо ба рӯйи занон баставу бекорӣ миёни мардон дар Афғонистон афзун шуда.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад