Блинкен мегӯяд, Чин "ваъда додааст" ба Русия аслиҳа намефиристад

Вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, Чин "ваъда додааст", ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина ба Маскав аслиҳа намефиристад. Энтони Блинкен дар ин бора рӯзи 19-уми июн, пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Чин дар Пекин изҳорот дод.

"Мо ва давлатҳои дигар аз Чин замонатҳое гирифтаем, ки ин кишвар ба Русия ёрии таслиҳотӣ накунад," – афзуд ӯ.

Сафари вазири корҳои хориҷии Амрико ба Чин рӯзи якшанбе ва дар ҳоле оғоз шуд, ки ихтилофҳо байни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон боло гирифтааст. Дар панҷ соли охир ӯ нахустин дипломати баландпояи амрикоӣ аст, ки ба Пекин рафта.

Пас аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Чин дар Пекин, рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфтугӯҳои ин ду мақомро "ошкор", "қотеъ" ва "созанда" хонд ва аз созиш барои дидори дубораи онҳо дар Вашингтон хабар дод.

Вашингтон пеш аз ин гуфта буд, ки мавзеи Пекинро дар бораи ҷанги Русия дар Украина ва пешниҳоди ин давлатро барои хатми он қабул намекунад ва ба Чин дар заминаи эҳтимоли фиристодани аслиҳа барои Русия ҳушдор дода буд.

Блинкен дар ин бора гуфт, ҳеч санаде вуҷуд надорад, ки нишондиҳандаи фиристодани силоҳ аз Чин ба Русия бошад. Бо ин ҳол, нигаронии Амрико дар мавриди ширкатҳои чинӣ аст -- ширкатҳое, ки мумкин аст фанновариҳоеро ироа кунанд, ки Русия битавонад аз он барои пеш бурдани ҷанги худ дар Украина истифода кунад.

Вазири корҳои хориҷии Амрико дар ин бора гуфт, "мо аз ҳукумати Чин хостаем, ки дар ин замина бисёр ҳушёр бошад".

Раҳбари Чин низ пас аз мулоқот бо Энтони Блинкен гуфт, "ду тараф пешрафтҳое доштанд ва дар мавриди баъзе аз масоили хос ба созиш расиданд. Ин бисёр хуб аст."

Аз ин изҳороти Си Ҷинпин фавран мушаххас нашуд, ки ӯ ба чӣ пешрафте ишора мекунад. Ҳарчанд Энтони Блинкен гуфт, Чин "умедвор аст робитаҳои ду кишварро пойдор ва солим бубинад" ва бар ин бовар аст, ки ду кишвар "метавонанд бар мушкилоти мухталиф ғалаба кунанд".

Вазири корҳои хориҷии Амрико низ дар посух гуфт, ки "ду кишвар уҳдадорӣ ва масъулият доранд, робитаҳои худро танзим кунанд ва Иёлоти Муттаҳида ба анҷоми ин кор" вазифадор аст.

Яке аз мавзуъҳои муҳими ин дидорҳо, масъалаи Тайван аст, зеро Амрико аз "таҳаррукот"-и Артиши Чин дар обҳои наздики Тайван нигарон аст. Набудани каналҳои иртиботии муназзам дар умури низомӣ байни Чин ва Амрико низ ба нигарониҳо дар ин замина доман задааст.

Раиси ҷумҳурии Чин дар ин маврид бо киноя аз Амрико хост, ки "ба ҳуқуқ ва манфиатҳои машруи Чин латма назанад".

Вазири корҳои хориҷии Чин низ пеш аз ин гуфта буд, ки "ҷое барои созиш ё имтиёз"-и Чин дар ин замина вуҷуд надорад.