12-уми июн Рӯзи байнулмилалии мубориза бо кори кӯдакон аст. Мақомоти Тоҷикистон пайваста мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз меҳнати хурдсолон мубориза мебаранд, аммо нигоҳе ба кӯчаву бозорҳои шаҳри Душанбе баръакси онро нишон медиҳад.
"Либос, тарбуз, харбуза ва нон мехарам"
Ҷамшеди дувоздаҳсола як сол боз ба ҷамъоварии партовҳои пластикӣ дар шаҳри Душанбе машғул аст. Ҳарчанд даромади зиёд намегирад, ба харидани хӯрокворӣ ё маҳсулоти дигар ба волидон мадад мекунад.
Вай 12-уми июн, дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи меҳнати кӯдакон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз субҳ то шом дар кӯчаҳо машғули кор аст: “Субҳ зарфҳои пластикии маҳаллаи “Жилмассив”-ро ҷамъ оварда, мефӯрушам. Баъд ба “Садбарг” меоям. Сипас бозори “Меҳргон”, маҳаллаи “Гипрозем” ва ҷойҳои дигар. Як баклашкаро ба 10-дирамӣ мефурӯшам. Либоси мактабӣ, тарбуз, харбуза ва нон мехарам.”
Падари Ҷамшед дар Русия муҳоҷири корӣ аст. Модараш дар кӯча донаи офтобпараст ва кашк (қурут) мефурӯшад. Ҳоло, ки хонандагони мактаб таътили тобистона доранд, Ҷамшед мегӯяд, "ҳеҷ вақт истироҳат накардаам". Ҳатто ҳангоми дарс ҳам ба ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ машғул мешудааст.
“Либосҳои мактабиямро пӯшида, баклашка мечидаму бурда мефурӯхтам. Дарсро хонда, пас аз он ҳам ба ҷамъоварии баклашка машғул мешудам,” – нақл кард ин наврас.
"Масхара мекунанд"
Муаллимон аз “кор”-и Ҷамшед огаҳ набудаанд. Ин кор барои ӯ мушкилоти худро дорад. Мегӯяд, ӯро ба нақлиёти иҷтимоӣ роҳ намедиҳанд ва гоҳе кӯдакони атроф ба ҳолаш механданд: “Масхара мекунанд. Мегӯянд, ӯро бинед баклашка ҷамъ мекунад. Мегӯянд, биёед, нони қоқ бидиҳем, ягон сум хайр кунем.”
Даромади якрӯзаи Ҷамшед аз ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ то 30 сомонист. Ба мисли ӯ дар кӯчаву хиёбон ва бозорҳои Душанбе шумори зиёди кӯдакон машғули ҷамъоварии баклашка, боркашонӣ, аробкашӣ ва фурӯши обу халтаҳои пластикӣ ҳастанд.
Мегӯянд, онҳоро нодорӣ, шароити сахти зиндагӣ ва даромади ками оила ба чунин кор маҷбур кардааст. Бо ин вуҷуд, ҳар яке аз онҳо дар дил орзу худро доранд. Ба мисли Ҷамшед, ки мехоҳад, дар оянда маъмури милиса бошад.
Гап дигар, амал дигар?
Масъулони идораҳои давлатӣ дар нишастҳои расмӣ аз тарҳу барномаҳе гап мезананд, ки ба қавли онҳо барои мубориза бар зидди меҳнати кӯдакон равона шудааст. Чанд сол пеш мақомоти кишвар “Барномаи миллии барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдаконро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" қабул карда буданд.
Намояндагони Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон бе овардани омори дақиқ, борҳо аз коҳиши меҳнати кӯдакон хабар додаанд. Вале баръакс имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбон ва бозорҳо зиёд дида мешавад, ки кӯдакон ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд.
Бар асоси омори расмии ду сол пеш дар Тоҷикистон бештар аз 125 ҳазор кӯдаки зери синни 18 кор мекардаанд. 116 ҳазори он кӯдакони деҳот будаанд, ки асосан ба корҳои саҳро машғуланд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз Тоҷикистон талаб кардаанд, ки аз корҳои вазнини кӯдакон пешгирӣ кунанд. Қонунгузории Тоҷикистон низ истифода аз меҳнати кӯдаконро манъ кардааст. Чизе, ки зоҳиран рӯйи коғаз монда.