"Ё зиндон ё таблиғи шукуфоӣ." Чӣ гуна блогерҳоро "давлатӣ" мекунанд?

Мансабдорон дар Туркманистон аз блогерҳо ва шахсони дигари "таъсиргузор" дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостаанд, ки матлаби танқидӣ нашр накарда, танҳо аз "давлати хушбахту шукуфон" бигӯянд.

На танқид, на "лайк"

Ҳукумати худкомаи Туркманистон ҳамеша фазои иттилоотиро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ зери назорат дошта, ҳазорҳо сомонаи хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро дастнорас кардааст. Бисёре аз сокинон қуфлҳоро тавассути VPN ва абзорҳои дигар мешикананд.

Баъзе аз блогерон ба шарти фош нашудани ном ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, пулис аз пайомадҳои матолиби танқидӣ дар бораи ҳукумат ҳушдор додааст. Ба онҳо гуфтаанд, танқид сабаби боздошту ҳабс хоҳад шуд.

Мансабдорон ба блогерҳо ҳушдор додаанд, ки дар зери чунин матолиб "лайк" ва шарҳ низ нагузоранд, чун "фаъолияти зиддиҳукуматӣ" арзёбӣ мешавад.

Блогерони туркман ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пулис аз онҳо талаб кардааст, ки танҳо ҷанбаҳои мусбати Туркманистонро нишон диҳанд. Ба мисли кӯдакони хушбахт ва биноҳои нав.

Расонаҳои давлатӣ ва сомонаҳои ҳукуматии Туркманистон ба таври анъанавӣ танҳо рӯйдодҳои мусбатеро, аз қабили ифтитоҳи бозору мактаб ё беморхонаҳои нав бозтоб медиҳанд.

Пулис ва мақомоти дигари Туркманистон ба суоли бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи иддаои блогерҳо посух надоданд.

Манобеи маҳаллӣ иқдоми охирро ба наворе пайванд медиҳанд, ки гуё як пулис рутбаи худро канда, ронандаро барои талаби ришва аз ӯ муттаҳам кардааст. "Ҳамин ҳоло рутбаи маро кандӣ, ин мамнуъ аст," – иддао кардааст маъмури пулис дар навор, зоҳиран, бехабар аз онки ӯро сабт мекунанд.

Номи афсару ронанда маълум нест. Дақиқ нест, ки наворро кай ва дар куҷо сабт кардаанд. Видео рӯзи 3-юми июни имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гардиш даромад. Мақомот ин ҳодисаро низ шарҳ надоданд.

Пулиси Туркманистон

Тафтиши телефонҳо дар мактабу идораҳо

Дар ҳамин ҳол, маъмурони интизомӣ амалиёти ғайриинтизорро дар мактаб ва идораҳои давлатӣ ба роҳ мондаанд. Онҳо телефони мобилии донишомӯзон ва кормандонро тафтиш мекунанд, то маводи зиддиҳукуматӣ надошта бошад.

Мақомоти Туркманистон аксар вақт аз донишҷӯён талаб мекунанд, ки зери изҳороте имзо гузоранд, ки барои дастрасӣ ба сомонаҳои мамнуъ аз VPN ё абзорҳои дигар истифода нахоҳанд кард. Таҳқиқоти охир нишон додааст, ки Туркманистон зиёда аз 122 ҳазор саҳифаро баста.

Бар илова, ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ суръати поинтарини интернет дорад. Ширкати бритониёии "Cable" дар гузорише мегӯяд, суръати миёнаи интернет дар Туркманистон 0,50 мегабит дар сония (Мбит/с) аст. Барои гирифтани як файли видеоии панҷгигабайтӣ дар ин кишвар беш аз 22 соат зарур шудааст.

Ишқобод (Ашхобод)

Тоҷикистонро ҳам солҳои охир барои суръати сусти интернет ва бастану маҳдуд кардани даҳҳо сомонаи хабарӣ ва пойгоҳҳои вобаста ба мухолифони ҳукумат танқид мекунанд. Мақомот ҳамеша бастани сомонаҳои хабариро рад карда, пойгоҳҳои вобаста ба мухолифонро "ифротӣ" номидаанд.

Тайи моҳҳои охир дар ин кишвари Осиёи Марказӣ низ ба ҷалби блогерон барои таблиғи ҳукумат ва зебоиҳои Тоҷикистон дасту остин барзадаанд. Моҳи майи имсол даҳҳо блогери тоҷикро дар толоре ҷамъ оварда, хостанд, "ватандӯст" бошанд ва сипас онҳоро барои дидани баъзе аз гӯшаҳои кишвар бурданд. Чизе, ки ба кори баъзе аз блогерон бетаъсир намондааст.