Худкушии 69 писару духтари ноболиғ дар як сол дар Тоҷикистон

Тасвире аз бойгонӣ

Дар соли 2022 дар Тоҷикистон 69 ноболиғ даст ба худкушӣ (худовезӣ) задаанд.

Идораи Омбудсмени кӯдак мегӯяд, ин омор дар муқоиса ба соли 2021 чаҳор маврид камтар аст, аммо ташвишовар мемонад.

Аз ин шумора 38 нафар писар ва 31 нафар духтар будаанд.

Ба гузориши солонаи Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон, шаш ноболиғ бемори рӯҳӣ буда, 63 мавриди дигари худкушии наврасон маълум нест.

Гузоришро дар соли 2023 омода ва нашр кардаанд.

"Дар пайванд ба ин ҳодисаҳо дар соли 2022 чаҳор нафар ба гуноҳи ба худкушӣ расондан маҳкум шуданд," -- омадааст дар гузориши Омбудсмени кӯдак.

Ҳар сол садҳо нафар дар Тоҷикистон ба ҷони худ қасд мекунанд. Баъзе аз онҳо ҳамроҳи худ кӯдаконашонро низ ба об мепартоянд ё меовезанд.

"Зӯроварӣ дар оила дар бисёр ҳолат боис ба оқибатҳои ногувор, ба мисли ҷудошавии оилаҳо, ба худкушӣ даст задан ва содир шудани дигар ҷиноятҳои вазнин мегардад... Даст ба худкушӣ задани занон, аз ҷумла ҳамроҳи фарзандони хурдсол ташвишовар мемонанд," – гуфта шудааст дар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдор дар мавриди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Худкушии ҷавонон ва кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон дар гузашта низ мавриди нигаронии ҷомеа шудааст.

Як пажӯҳиши Бунёди кӯдакони Созмони Милал дар соли 2017 муайян карда буд, ки сабаби асосии қасд ба ҷони худ кардани наврасону ҷавонон бетаваҷҷуҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва маҳрум будан аз навозишу меҳрубонист.