Сухангӯи нерӯҳои дифоии ҷануби Украина гуфт, сарфи назар аз фоҷеае, ки пас аз тахриби сарбанди обанбори Каховка ба вуқуъ пайваст, нерӯҳои Русия оташборони Херсон ва минтқааҳои канори рӯди Днепрро идома медиҳанд.
Наталия Ҳуменюк рӯзи 8-уми июн иброз дошт, ки ба сабаби обхезӣ нерӯҳои Русия аз мавқеъҳои пештараашон аз 5 то 15 километр ақибнишинӣ кардаанд ва аз ин рӯ, оташи онҳо густарда нест.
Ӯ илова кард, ки феълан ноҳияи Беряславский, воқеъ дар канори шаҳри Херсон, ҳадаф қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, амалиёти кӯчондани мардум аз минтақаҳои обзада ҷараён дорад. То кунун ҳазорҳо нафар ба ҷойҳои амн бурда шудаанд.
Вазъи мардуми манотиқи офатзада вахим буда, хавфи фоҷеаи башарӣ бештар шудааст.
Украина ва Русия ҳамдигарро масъули тахриби сарбанди нерӯгоҳи Каховка меноманд.
Шӯрои Аврупо ва паймони НАТО тахриби сарбандро ҷинояти ҳарбӣ ва амали манфур номидаанд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ваъда додааст, ки ба манотиқи офатзада ёрии башарӣ мефиристад.