Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар гузориши наве дар бораи ҳамлаҳои Толибон дар вилояти Панҷшер маълумот пешниҳод кардааст, ки метавонад "ҷинояти ҷангӣ" ва ё "муҷозоти дастҷамъӣ" хонда шавад. Толибон гузориши муфассалро, ки "Писарони шумо дар кӯҳ ҳастанд: Муҷозоти дастҷамъии ғайринизомиён дар Панҷшер аз сӯи Толибон" ном дорад, беасос хондаанд.
"Толибон аз асирон интиқом гирифтанд"
Дар гузориш бо 29 сокини Панҷшер мусоҳиба шудааст. Созмони Афви Байнулмилал гуфтааст, мусоҳибон аз тарси интиқомгирии Толибон аз гирифтани номҳояшон худдорӣ кардаанд. Афви Байнулмилал гуфтаааст, мавридҳое аз эъдомҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа, боздошт ва нигаҳдории худсаронаи дастҷамъонаро дар Панҷшер мустанадсозӣ кардааст.
Дар гузориш омадааст, пас аз тасаллути дубораи Толибон бар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, шуморе аз нерӯҳои амниятии ҳукумати пешини Афғонистон бо таҷҳизот ва аслиҳа ба Панҷшер ақибнишинӣ карда, ба гурӯҳи зидди Толибон (Ҷабҳаи муқовимати миллӣ) пайвастанд.
"Толибон дар посух аз асирон интиқом гирифтанд ва ғайринизомиёнро дар Панҷшер ҳадаф қарор доданд, то маҷбур шаванд аз онҳо пайравӣ кунанд," -- навиштаанд муаллифони гузориш.
Дар бахше аз он омадааст, ки дар як маврид дастикам шаш нафар ва эҳтимол рӯзи 9-уми сентябри соли 2022 дар доманакӯҳе дар наздикии ноҳияи Дараи Орзу кушта шуданд.
Мусоҳибон ба Созмони Афви Байнулмилал гуфтаанд, ҳар шаш тан аз асирони ҷангии вобаста ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ буданд. Дар гузориш омадааст, ки Толибон шахсони мулкиро дар ноҳияҳои Бозорак ва Рухаи вилояти Панҷшер боздошт ва то мурдан шиканҷа кардаанд.
Муҷоҳид: Шиканҷа нашудааст
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон, гузориши созмони Афви Байнулмилалро рад кардааст. Ӯ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "ҳеч мушкиле дар Панҷшер дида намешавад. Дар онҷо на касе фирор карда, на феълан дар кӯҳ зиндагӣ мекунад ва на кадом шиканҷа ва озордиҳӣ шудааст. Ин гузориш комилан ғалат ва нодуруст аст."
Соли гузашта бахшҳое аз вилояти Панҷшер, аз ҷумла куҳҳои дараи Киромон, Абдуллохел, Пашғур, ноҳияҳои Парён, Ҳисорак ва дараи Орзу шоҳиди даргириҳои сахт байни ҷангҷӯёни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ буд.
Мардуми маҳаллӣ борҳо бо ибрози нигаронӣ гуфтаанд, ки низомиёни Толибон онҳоро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дастгир, шиканҷа ва ҳатто куштаанд.
Ба таври мисол, ба гуфтаи манбаъҳои маҳаллӣ дар Панҷшер, Аҳмад Мунир, чӯпони маҳаллӣ, ки рамаашро дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Бозорак -- маркази Панҷшер ба чарогоҳ бурда буд, соли гузашта аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон боздошт ва баъд зери шиканҷа ҷон дод. Он ҳодиса вокунишҳои зиёдеро дар фазои ҳақиқӣ ва маҷозӣ ба миён овард.
Бист моҳ
Як манбаи маҳаллӣ, ки аз тарси муҷозоти Толибон аз ифшои номаш худдорӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ дар бораи ин ҳодиса гуфт, "ӯ бекор буд, на дар гузашта дар давлат вазифа дошт ва на ҳоло. Харҷи хонаводаашоро аз роҳи молдорӣ ва кишоварзӣ таъмин мекард. Аз фармондеҳи амният иҷозаи хаттӣ гирифта буд, ки гашту гузор карда битавонад ва барои анҷоми корҳои молдориаш мамониате сурат нагирад. Толибон бо варақи дар даст доштааш ин шахсро дастгир карда буданд ва бар асари шиканҷа ва латукӯби шадид ба шаҳодат расид".
Тарҳи "Афғон витнес", ки қароргоҳаш дар Бритониё мебошад, соли гузашта гуфта буд, ки Толибон 27 нафар аз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Панҷшер тирборон карда, куштанд. Толибон инро рад карда, гуфтанд, ки ин афрод дар майдони ҷанг кушта шудаанд.
Андаке баъд аз нашри ин хабарҳо, гузоришгари Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башари Афғонистон дар ҷараёни сафараш ба Афғонистон ба вилояти Панҷшер рафт. Вай дертар дар "Твиттер" гуфт, ки намояндагони вилояти Панҷшер аз саркӯби густурдаи ғайринизомиён аз сӯи Толибон ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ба шумули хушунат дар баробари занон ва духтарон дар ин вилоят ёд кардаанд.
Ба гуфтаи Гузоришгари СММ дар умури ҳуқуқи башари Афғонистон, шуморе аз сокинони Панҷшер аз рафтори такондиҳанда дар баробари он идда аз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки бинобар захмӣ шудан дигар тавони ҷангиданро надоранд, ёдовар шудаанд. Ӯ гуфта буд, ки ин вазъият бояд поён ёбад ва касоне, ки масъули чунин рафторҳо ҳастанд, бояд мавриди пурсиш қарор гиранд.
Беш аз бист моҳ аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегузарад, аммо то ҳанӯз ҳеч кишвари ҷаҳон онҳоро ба унвони ҳокимони машруъ ва қонунии Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Риояи ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон ва духтарон, аз масоили калидии ҳамкорӣ миёни Толибон ва ҷомеаи байналмилалӣ дониста мешавад.