Мақомоти маҳаллии Толибон дар Нимрӯз мегӯянд, ҳар рӯз ҳазорҳо муҳоҷири афғон аз Эрон ба ин вилоят пас гардонида мешаванд. Бархе аз паноҳандаҳои ихроҷшудаи афғон мегӯянд, ба далели надоштани санади иқомат дар Эрон, бахусус аз сӯйи маъмурони интизомии ин кишвар, фишору шиканҷа шудаанд. Аммо бо вуҷуди озору азият, гурӯҳи дигаре аз сокинони Афғонистон боз ҳам бо роҳҳои қочоқӣ талош ворид шудан ба Эронро мекунанд.
Ҳар рӯз тақрибан то 3 ҳазор тан тариқи роҳи душвор аз Эрон ба Афғонистон бармегарданд. Қисме бо хоҳиши худ, аммо аксарият афроде ҳастанд, ки ихроҷ шудаанд. Яке аз сабабҳои ронда шудан ҳам надоштани санади қонунии будубош дар Эрон аст.
Абдулқодир, ки тоза аз Эрон хориҷ шудааст, мегӯяд, аз сӯйи маъмурони ҳукумати Эрон дар шаҳри Язд хеле азият шудааст. “Маро боздошт карда, оварданд ва чунон зулме дар ҳақам карданду лату кӯбам карданд, ки касе бо ҳайвон чунин зулм намекунад. Инсон намешумориданд. Дар нонвойҳо ҳам нон намедоданд,”—гуфт ӯ.
Сарнавишти паноҳандаҳои дигари бозгашта аз Эрон ҳам ба Абдулқодир монанд аст.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Омин, як паноҳандаи дигари афғон мегӯяд, мушкилот дар марз ва урдугоҳ зиёд аст. “Моро мезаданд, ки об надодед ба мо. Мегуфтанд, давлати шумо обро қатъ кард ва ба ин далел моро бо калтак мезаданд, азоб кашидем. Ҷайбамон холӣ аст, ҳоло пул надорем кор надорем. Дар Афғонистон ҳам кор нест, мо чӣ кор кунем?” –гуфт ӯ.
Масъулони маҳаллии Толибон дар Нимрӯз мегӯянд, моҳона даҳҳо ҳазор нафар аз Эрон баргардонида мешаванд.
Мавлавӣ Абдуллоҳ Риёз, раиси идораи муҳоҷирати Толибон дар Нимрӯз гуфт: “Афроде, ки аз Эрон рӯзона аз Нимрӯз меоянд, тақрибан ба ду ҳазору 500 нафар мерасанд. Моҳона 50 то 55 ҳазор тан довталабона ва иҷборӣ меоянд.”
Бо ин ҳама, гурӯҳе аз афғонҳо дубора ба Эрон бармегарданд. Бархе дар ҷустуҷӯйи кор ва гурӯҳи дигар сафари тӯлонитаре дар пеш доранд. Онҳо ният доранд, аз онҷо ба Туркия ва баъдан ба Аврупо бираванд. Пиру ҷавон ва ҳатто навҷавонон бору бандашонро баста, роҳи муҳоҷирати пурхатару қочоқӣ ба Эронро пеш гирифтаанд.
Раҳмиддин, ки борҳо ба Эрон рафтаву ронда шудааст, боз дар ин роҳи душвору норӯшан ба сафар баромадааст. Ӯ гуфт, “аз соли 1991 то ҳоло 16 бор хориҷ шудаам ва мушкилу бечорагии мо ҳамин аст, бояд ба ин расидагӣ шавад.”
Аксарият Афғонистонро ба далели таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти иқтисодӣ тарк мекунанд. Дар Эрон ҳам бисёриҳо маҷбур ҳастанд кори сиёҳ кунанд. Он ҳам агар барояшон иҷоза дода шавад.
Бино ба омори Комиссарияти олии СММ, ки охири соли гузашта нашр кард, наздик ба чоруним миллион афғон дар Эрон ба сар мебаранд. Аксарият ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шудаанду санади иқомат надоранд.
Ба гуфтаи ин созмон пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 муҳоҷирати афғонҳо ба Эрон бештар шудааст, дар айни замон бозгашти дубора ба Афғонистон ҳам зиёд шудааст.