Се узви як хонадонро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар пайванд ба марги Сайёра Зоироваи 36-сола зиндонӣ кардаанд. Ҳукмро Додгоҳи ноҳия рӯзи 31-уми май баровард.
Сайёра Зоирова ҳашт моҳ пеш, баъд аз як муноқиша дар хонаи шавҳар ва зарб хӯрдан, бистарӣ шуд ва дар шифохона ҷон бохт.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми июн дастрас кард, Мукамбар Исҳоқова (хушдоман) 12 сол, Хуршедаи Нозим (зани ҳевар) 12 сол ва Ҷиёншоҳ Раҳимов (бародари шавҳар) 14 сол ба гуноҳи "Қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" (моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, қисми ду, банди “в”) аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Дар ҳоле ки пештар модари Сайёра Зоирова аз дуруст тафтиш нашудани парванда шикоят дошт, бародари ӯ, Абдулваҳҳоб Зоиров, гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд. “Одилона буд, чун гунаҳкорон ҷазо гирифтанд,” – афзуд ӯ рӯзи 2-юми июн.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Мукамбар Исҳоқова ва писару келинаш пас аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шудаанд. То он вақт дар озодӣ буданд.
Мукамбар Исҳоқова, хушдомани Сайёра Зоирова, рӯзи 12-уми майи имсол гуфта буд, ки арӯси хонадонро назадаанд. Вай, баръакс, иддао карда буд, ки "Сайёра бе иҷозаи шавҳар ба Русия рафт" ва ин ҳолат боиси зани дигар гирифтани писараш шуд.
Ҷаҳонгир Раҳимов, ҳамсари Сайёра Зоирова, низ латукӯби ҳамсарашро аз тарафи модару бародар ва ҳамсари бародараш рад карда буд. Вай рӯзи 2-юми июн аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ норозигӣ кард.
“Бародарам кӯдакони хурд дорад. Онҳоро ба назар нагирифтанд. Ман нигоҳубин карда наметавонам. Аслан бо ҳукм розӣ нестам”, -- гуфт Ҷаҳонгир Раҳимов.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сайёра Зоирова дар моҳи августи соли 2022, дар пайи баҳси хонаводагӣ ба бемористон афтод ва пас аз се моҳ ҷон бохт. Дар санҷиши тиббиву додгоҳӣ сабаби марги Сайёраро “осебҳои сахт дар сар” навиштаанд. Тафтишу муҳокимаи парванда ҳашт моҳ дароз кашид ва ин вазъ норозигии хонаводаи Сайёра Зоироваро ба бор овард.
Ҳар сол дар Тоҷикистон мавридҳои зиёди муноқишаи хонаводагиро сабт мекунанд. То кунун баъзе аз ин ҳодисаҳо бо марг ва боздошту зиндонӣ шудани аъзои оила анҷом ёфтааст. Мақомот онро бештар ба якдигарнофаҳмӣ рабт медиҳанд, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ба муҳоҷирати дарозмуддат ва мушкили иқтисодиву равонӣ.