Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои BRICS, қарор аст, рӯзи панҷшанбе дар Африқои Ҷанубӣ мулоқот кунанд. Вохӯрӣ заминасози вохӯрии сарони ин кишварҳо аст. Нишасте, ки эҳтимол Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ дар он иштирок кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки Додгоҳи байналхалқии ҷиноӣ рӯзи 17-уми марти имсол дастури боздошти Путинро содир кард ва Африқои Ҷанубӣ низ ба унвони яке аз имзокунандагони ин паймон, вазифадор аст, дар сурати сафари Путин ӯро боздошт кунад.
Африқои Ҷанубӣ ба таври ошкор гуфтааст, ки дар сурати тасмими Путин ба сафар барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои BRICS, ӯро боздошт нахоҳад кард.
Сарони кишварҳои BRICS, ки иборат аз Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ аст, ҳама барои ҳузур дар ин нишаст дар Йоханнесбург даъват шудаанд. Аз ҷумла, Си Ҷинпин, президенти Чин низ дар ин нишаст иштирок мекунад.
Кремл ҳанӯз дар бораи эҳтимоли ҳузури Путин дар ин нишаст изҳори назаре накардааст, аммо дар сурати сафари ӯ ба Африқои Ҷанубӣ, робитаҳои ин кишвар бо Маскав дар маркази таваҷҷуҳи байнулмилалӣ қарор хоҳад гирифт.
Кишварҳои ғарбӣ ошкоро аз ҳамкории он кишварҳои африқоӣ, ки аз назари иқтисодӣ рушдёфтатар ба шумор мераванд бо Русия, ибрози нигаронӣ мекунанд. Зеро эҳтимоли он меравад, ки ин ҳамкориҳо дар замоне ки танишҳо дар ҷаҳон боло гирифтааст, дигар кишварҳои дар ҳоли рушдро низ ба ҳамкорӣ бо Русия тарғиб мекунад.
Реубен Бригети, сафири Амрико дар Африқои Ҷанубӣ Йоханнесбургро ба таъмини силоҳ барои Русия муттаҳам карда, гуфтааст, Африқои Ҷанубӣ бо вуҷуди онки бетарафии худро дар ҷанги Русия бо Украина эълон карда буд, ин кор бетарафиашро аз байн бурдааст.
Ӯ дар айни ҳол, бо ишора ба инки Африқои Ҷанубӣ қарор аст мизбони нишасти сарони кишварҳои BRICS бошад, гуфт, Амрико ин масъаларо зери назар хоҳад дошт.
Оқои Бригети чанд рӯз қабл низ гуфта буд, Амрико бовар дорад як киштии борбари Русия, ки чаҳор моҳ пеш дар Африқои Ҷанубӣ лангар андохта буд, силоҳ барои Русия бор кардааст.
Муовини сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ гуфт, Вашингтон алайҳи ҳар кишваре, ки аз ҷанги ғайриқонунӣ ва "ваҳшиёна"-и Русия дар Украина пуштибонӣ кунад, мавзеи ошкоро хоҳад гирифт.
Сирил Рамапоса, раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ дар нишасти порлумони кишвараш изҳор дошт, ки дар ин бора ба "таҳқиқ" пардохтааст. Рамапоса паҳлӯ гирифтани киштии Русия дар кишварашро тасдиқ кард, аммо бо танқид аз Амрико гуфт, ин кишвар бар асоси як созиш набояд "маълумоти махфӣ"-ро ошкор кунад.
Африқои Ҷанубӣ то кунун ҳамлаи Русияро ба Украина маҳкум накардааст. Нерӯҳои мухолифи ин кишвар ҳукумати Рамапосаро ба тамоюл ба ҳимоят аз Русия муттаҳам мекунанд.